+ -

عن عبد الله بن مسعود رضي الله عنه قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول:
«إنَّ الرُّقَى والتَمائِمَ والتِّوَلَةَ شِرْكٌ».

[صحيح] - [رواه أبو داود وابن ماجه وأحمد] - [سنن أبي داود: 3883]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Руқия (-и ғайри шаръӣ), тумор ва тивала (барои муҳаббат андохтан дар қалби яке аз ҳамсарон барои дуст доштани ҷониби дигар) ширк аст".

[صحيح] - [رواه أبو داود وابن ماجه وأحمد] - [Сунани Абудовуд - 3883]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амалҳоеро, ки анҷом додани онҳо ширк аст, баён фармуданд, аз ҷумла:
Аввал: Руқия (-и ғайри шаръӣ), яъне суханоне, ки дар он ширк аст ва аҳли ҷоҳилият онро ба хотири шифо ёфтан мехонданд.
Дуввум: Тумор, яъне мӯҳра ва дигар чизҳое, ки барои дафъи чашм дар тани кӯдакон ва ҳайвонот меовезанд.
Севум: Тивала, ки барои муҳаббат андохтан ва дӯст доштани яке аз ҳамсарон барои дигаре сохта мешавад.
Амалҳои мазкур аз ҷумлаи ширкиёт ҳастанд, зеро инҷо ба вуҷӯд овардани сабаб аст, ки на ба далели шаръӣ собит аст ва на бо сабаби ҳиссӣ, ки таҷриба онро собит кунад. Аммо дар мавриди сабабҳои шаръӣ, монанди Қуръон хондан ё сабабҳои ҳиссӣ, монанди доруҳое ки бо таҷриба ва озмоиш собит шудааст, ба шарти танҳо як сабаб донистани он ва инки нафъ ва зарар ба дасти Аллоҳ аст, ҷоиз аст.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада Озарӣ Узбекӣ Украинӣ
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳифз ва нигоҳ доштани эътиқод ва тавҳид аз ончи онро ноқиз мекунад.
  2. Истифода аз руқияҳои ширкӣ, тумору муҳраҳо ва таъвизаҳои муҳаббат, ҳаром аст.
  3. Эътиқод бар инки се амали мазкур аз ҷумлаи асбоб ҳастанд, ширки асғар (ширки хурд) аст, чун ончи ки сабаб буда наметавонад, сабаб қарор додааст. Аммо агар бар ин бовар бошад, ки худи онҳо зарар ва фоида мерасонанд, ширки акбар (ширки бузург) аст.
  4. Огоҳӣ аз анҷоми амалҳои ширк ва ҳаром.
  5. Наҳй аз Руқия ва баёни инки он аз ширкиёт аст, магар руқияи шаръӣ, ки он ҷоиз аст.
  6. Дили банда бояд танҳо ба Худои якто баста бошад, зеро нафъ ва зиён танҳо аз ҷониби Худованди ягона аст, касе ҷуз Ӯ хайр ва некӣ намеорад ва ҷуз Ӯ Таъоло касе бадиро дафъ намекунад.
  7. Руқия бо се шарт ҷоиз аст:
  8. 1- Бар ин бовар бошад, ки руқия танҳо як сабаб аст ва нафъ ба дасти Худованд аст.
  9. 2- Руқия бояд иборат аз оятҳои қуръонӣ, номҳо ва сифатҳои Аллоҳ ва дуоҳои набавӣ ва машруъ бошад.
  10. 3- Бояд ба забони қобили фаҳм бошад ва шомили ҷоду ва тилисмҳо набошад.
Бештар