عن عثمان رضي الله عنه عن النبي صلى الله عليه وسلم قال:
«خَيْرُكُمْ مَنْ تَعَلَّمَ الْقُرْآنَ وَعَلَّمَهُ».

[صحيح] - [رواه البخاري] - [صحيح البخاري: 5027]
المزيــد ...

Аз Усмон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва онро ба дигарон таълим медиҳад".

[صحيح] - [رواه البخاري] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 5027]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки беҳтарини мусалмонон ва волотарини онҳо назди Аллоҳ касе аст, ки тиловат, ҳифз, тартил, фаҳм ва тафсири Қуръонро фаро гирад ва ба он амал кунад ва ончи аз худ кардааст ба дигарон низ таълим диҳад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни шарофати Қуръони карим, ки он беҳтарин калом аст, чун он каломи Аллоҳ аст.
  2. Беҳтарин омузанда ҳамон аст, ки ба дигарон низ меомӯзонад.
  3. Омӯзиш ва таълими Қуръон шомили тиловат, фаҳми маонӣ ва аҳкоми он аст.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: Англисӣ Урду Испонӣ Бештар (63)