1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Қуръони карим ва илмҳои он

Ҳадис Мисоли муъмине, ки Қуръонро мехонад, мисли турунҷ (Cytron) аст, бӯйи хуш дорад ва таъмаш ҳам хуш аст. Ва мисоли муъмине, ки Қуръон намехонад, монанди хурмо аст, ки бӯй надорад ва таъмаш хуш аст

عَن أَبي مُوْسى الأَشْعريِّ رضي الله عنه قال: قال رسولُ اللهِ صلى اللهُ عليه وسلم:
«مَثَلُ الْمُؤْمِنِ الَّذِي يَقْرَأُ الْقُرْآنَ كَمَثَلِ الْأُتْرُجَّةِ، رِيحُهَا طَيِّبٌ وَطَعْمُهَا طَيِّبٌ، وَمَثَلُ الْمُؤْمِنِ الَّذِي لَا يَقْرَأُ الْقُرْآنَ كَمَثَلِ التَّمْرَةِ، لَا رِيحَ لَهَا وَطَعْمُهَا حُلْوٌ، وَمَثَلُ الْمُنَافِقِ الَّذِي يَقْرَأُ الْقُرْآنَ مَثَلُ الرَّيْحَانَةِ، رِيحُهَا طَيِّبٌ وَطَعْمُهَا مُرٌّ، وَمَثَلُ الْمُنَافِقِ الَّذِي لَا يَقْرَأُ الْقُرْآنَ كَمَثَلِ الْحَنْظَلَةِ، لَيْسَ لَهَا رِيحٌ وَطَعْمُهَا مُرٌّ».

Аз Абумусои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Мисоли муъмине, ки Қуръонро мехонад, мисли турунҷ (Cytron) аст, бӯйи хуш дорад ва таъмаш ҳам хуш аст. Ва мисоли муъмине, ки Қуръон намехонад, монанди хурмо аст, ки бӯй надорад ва таъмаш хуш аст. Ва мисоли мунофиқе, ки Қуръон мехонад, монанди райҳон аст, бӯяш хуш аст ва таъмаш талх. Ва мисоли мунофиқе, ки Қуръон намехонад, монанди ҳанзала (Colocynth) аст, бӯйе надорад ва таъмаш ҳам талх аст."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 5427

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тоифаҳои мардумро дар мавриди хондани Қуръон ва баҳрабардорӣ аз он баён кардааст.
Тоифаи аввал: Муъмине аст, ки Қуръон мехонад ва аз он баҳра мебарад, пас ӯ монанди меваи утруҷҷа (навъе аз нок) аст, ки бӯйи хуш ва ранги хуб ва таъми хуш дорад ва фоидаҳои он зиёд аст. Яъне, чунин шахс ба он чи аз Қуръон мехонад амал мекунад ва ба бандагони Аллоҳ фоида мерасонад.
Тоифаи дуввум: Муъмине, ки Қуръон намехонад. Ӯ монанди хурмо аст, ки таъмаш ширин аст, вале бӯй надорад. Монанди хурмо, ки дар ботинаш мазза ва ширини дорад, аммо бӯй надорад, ки мардум бибӯянд. Зеро хондани ӯ шунида намешавад, ки мардум аз шуниданаш роҳат кунанд.
Сеюм: Мунофиқе, ки Қуръон мехонад, Ӯ монанди райҳон аст, ки бӯйи хуш дорад, аммо таъмаш талх аст. Зеро дилашро бо имон обод накардааст ва ба Қуръон амал намекунад. Аммо дар баробари мардум чунон ошкор мешавад, ки гӯё муъмин аст. Бӯйи хушаш ба хонданаш монанд аст ва таъми талхаш ба куфраш.
Чаҳорум: Мунофиқе, ки Қуръон намехонад, монанди ҳанзала аст, бӯе надорад ва таъмаш низ талх аст. Бе бӯ буданаш ба Қуръон нахонданаш монанд аст ва таъми талхаш ба талхии куфраш монанд аст. Дарунаш аз имон холӣ ва берунаш ҳеҷ фоидае надорад, балки зиёновар аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни фазилати ҳофизи Қуръон ва амалкунанда ба он.
  2. Яке аз роҳҳои таълим, барои наздик кардани фаҳмиш, мисол овардан аст.
  3. Мусалмон бояд вирди муайяане аз китоби Аллоҳ Таъоло барои Қуръон хондани ҳаррӯзааш дошта бошад.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية