1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Раҳояшон кун, зеро дар ҳоли вузӯ онҳоро пӯшидаам

عَنْ المُغِيرَةِ رضي الله عنه قَالَ:
كُنْتُ مَعَ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي سَفَرٍ، فَأَهْوَيْتُ لِأَنْزِعَ خُفَّيْهِ، فَقَالَ: «دَعْهُمَا، فَإِنِّي أَدْخَلْتُهُمَا طَاهِرَتَيْنِ» فَمَسَحَ عَلَيْهِمَا.

Аз Муғира (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам, ман қасди берун овардани пойпӯши он Ҳазратро кардам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Раҳояшон кун, зеро дар ҳоли вузӯ онҳоро пӯшидаам" ва сипас бар онҳо масҳ кашиданд.

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 206

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар яке аз сафарҳояшон таҳорат карданд ва чун ба шустани пойҳо расиданд, Муғира ибни Шуъба дастонашро дароз кард, ки пойпӯши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бикашад, то пойҳояшонро бишӯяд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: раҳояшон кун ва берунашон наёвар, зеро ман дар ҳоле онҳоро пӯшидам, ки таҳорат доштам. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷойи шустани пойҳо бар пойпӯшашон (маҳсӣ) масҳ кашиданд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Масҳ кашидан бар мӯза ва маҳсӣ дар ҳолати таҳорат кардан аз ҳадаси асғар (мисли қазои ҳоҷат, баромадани бод ва ғайра) ҷоиз аст. Аммо дар ҳолати ғусл кардан аз ҳадаси акбар (мисли ҷанобат, ҳайз ва ғайра) шустани пойҳо лозим аст.
  2. Масҳ танҳо як маротиба аст ва он бо кашидани дасти тар аз болои маҳсӣ ё мӯза ва ғайра анҷом мешавад, на зери он.
  3. Барои масҳ кашидан бар маҳсӣ ё мӯза ё ғайри он, шарт аст, ки баъд аз таҳорати комил ва шустани пойҳо бо об пӯшида шаванд ва худи попӯшҳо пок бошанд ва макони шустани фарзиро бипӯшонад (яъне, аз буҷулаки пойҳо боло бошад). Ва масҳ барои ҳадаси асғар (бетаҳоратӣ) бошад на барои ҳадаси акбар (ҷанобат ..) ё он чи ки ғуслро воҷиб мегардонад. Ва масҳ кашидан барои вақти муқарраркардаи шариат бошад, ки барои муқим як шабонарӯз ва барои мусофир се шабонарӯз аст.
  4. Ҳар чизе, ки пойро мепӯшонад, - ҷӯроб бошад ё ғайри он - , бо маҳсӣ қиёс карда мешавад ва масҳ кашидан бар онҳо ҷоиз аст.
  5. Ахлоқи некуи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва омӯзиши эшон, ба тавре ки Муғираро аз берун овардани попӯшҳояш боздошт ва сабабро ба ӯ баён кард, ки пойҳояшро дар ҳоли покӣ (ботаҳорат) дар попӯш карда буд, то дили ӯ ором гирад ва ҳукмро бидонад.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية