1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад

عَنْ عَمْرِو بْنُ سُلَيْمٍ الأَنْصَارِيُّ قَالَ: أَشْهَدُ عَلَى أَبِي سَعِيدٍ قَالَ: أَشْهَدُ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«الغُسْلُ يَوْمَ الجُمُعَةِ وَاجِبٌ عَلَى كُلِّ مُحْتَلِمٍ، وَأَنْ يَسْتَنَّ، وَأَنْ يَمَسَّ طِيبًا إِنْ وَجَدَ».

Аз Амр ибни Сулайми Ансорӣ ривоят аст, ки гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки Абусаъид гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 880

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба таври равшан баён кардааст, ки ғусл дар рӯзи ҷумъа барои ҳар мусалмони болиғ, ки намози ҷумъа бар ӯ воҷиб аст, мавриди таъкид аст, монанди ин ки воҷиб бошад. Ва дандонҳояшро бо мисвок ва амсоли он пок кунад. Ва бо ҳар атре, ки дорад худро хушбӯй кунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Барои ҳар марди мусалмони болиғ матлуб аст, ки рӯзи ҷумъа ғусл кунад.
  2. Назофат ва аз байн бурдани бӯйи бад, аз рӯи шариат барои ҳар мусалмон матлуб аст.
  3. Бузургдошти рӯзи ҷумъа ва омода шудан барои он.
  4. Истифода бурдани мисвок дар рӯзи ҷумъа барои ҷумъа мустаҳаб аст.
  5. Итифода бурдани хушбӯйи пеш аз рафтан ба намози ҷумъа мустаҳаб аст.
  6. Зан агар аз хонааш берун барояд, хоҳ барои намоз бошад ё чизи дигар, барояш хушбӯйи кардан ҷоиз нест. Зеро суннат бар ҳаром будани ин кор далолат мекунад.
  7. Муҳталим, яъне шахси ба балоғат расида аст. Булуғ бо чанд нишона ҳосил мешавад, ки се нишонаи он байни зану мард муштарак аст. Якум: Ба синни понздаҳсолагӣ расидан. Дуввум: Рӯйидани мӯйҳои хашин дар атрофи узвҳои таносулӣ. Сеюм: Хориҷ шудани манӣ бо эҳтилом ё бо шаҳват бидуни эҳтилом. Аммо нишонаи чаҳорум, ки махсуси занон аст, ҳайз аст. Ҳаргоҳ зан ҳайз шуд, ба балоғат расидааст.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية