1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ба андозае, ки ҳайзат тӯл мекашад, мунтазир бимон, сипас ғусл бикун

عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المُؤْمِنينَ رَضي الله عنها أَنَّهَا قَالَتْ:
إِنَّ أُمَّ حَبِيبَةَ بِنْتَ جَحْشٍ الَّتِي كَانَتْ تَحْتَ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ عَوْفٍ شَكَتْ إِلَى رَسُولِ اللهِ صلى الله عليه وسلم الدَّمَ، فَقَالَ لَهَا: «امْكُثِي قَدْرَ مَا كَانَتْ تَحْبِسُكِ حَيْضَتُكِ، ثُمَّ اغْتَسِلِي». فَكَانَتْ تَغْتَسِلُ عِنْدَ كُلِّ صَلَاةٍ.

Аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:
Умми Ҳабиба бинти Ҷаҳш, ки ҳамсари Абдурраҳмон ибни Авф буд, аз баромадани хун дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба андозае, ки ҳайзат тӯл мекашад, мунтазир бимон, сипас ғусл бикун". Ӯ дар вақти ҳар намоз ғусл мекард.

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 334

Шарҳ

Яке аз занони саҳоба аз идомаи баромадани хун баъд аз пок шудан аз ҳайз ба Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки ба ҳамон андозае, ки ҳайзи ӯ пеш аз ҳолате, ки барояш пеш омадааст, давом мекард, сабр кунад ва намоз нагузорад, сипас ғусл кунад ва намозро ба ҷой биёварад ва ӯ барои истиҳбоб барои ҳар намоз ғусл мекард.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Истиҳоза он аст, ки зан баъд аз поёни рӯзҳои ҳайз, хунрезиаш идома дошта бошад.
  2. Зане, ки дучори истиҳоза аст, худашро ба андозаи рӯзҳое, ки қаблан ҳайз мешуд - яъне, пеш аз истиҳоза шудан - дар одати моҳонааш, ҳайз ҳисоб кунад.
  3. Агар рӯзҳои одати моҳонаи аслиаш гузашт, агарчи хуни истиҳоза ҳамчунон берун меояд, худашро аз ҳайз пок дониста ва ғусли баъд аз ҳайзро анҷом медиҳад.
  4. Ғусл барои зани истиҳозадор барои ҳар намоз воҷиб нест. Ва он бонуи саҳобӣ (разияллоҳу анҳо), ки барои ҳар намоз ғусл мекард аз рӯи иҷтиҳоди худаш буд. Зеро агар ғусл воҷиб мебуд, бешак Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро ба ӯ баён мекард.
  5. Зани истиҳозадор бояд барои ҳар намоз таҳорат кунад, зеро зуҳури он доими аст ва қатъ намешавад. Ва ҳамин тавр ҳар касе бетаҳоратиаш доимӣ аст, монанди касе, ки пешобашро дошта наметавонад, ё баромадани бод доимӣ аст.
  6. Инсон дар бораи корҳои динӣ, ки дар он дучори мушкилӣ ва нофаҳмӣ шавад, бояд аз олимон бипурсад. Чунончи, ин зан мушкилиаш, ки хунравӣ баъд аз муддати ҳайз буд, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية