1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис ин хун аз раг аст, аммо намозро ба андозаи рӯзҳое, ки ҳайз мешудӣ тарк кун, сипас ғусл бикун ва намоз бихон

عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المؤمنين رضي الله عنها أَنَّ فَاطِمَةَ بِنْتَ أَبِي حُبَيْشٍ سَأَلَتِ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَتْ:
إِنِّي أُسْتَحَاضُ فَلاَ أَطْهُرُ، أَفَأَدَعُ الصَّلاَةَ؟ فَقَالَ: «لَا، إِنَّ ذَلِكِ عِرْقٌ، وَلَكِنْ دَعِي الصَّلاَةَ قَدْرَ الأَيَّامِ الَّتِي كُنْتِ تَحِيضِينَ فِيهَا، ثُمَّ اغْتَسِلِي وَصَلِّي».

Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Фотима бинти Абуҳубайш Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсид, ки:
Ман дучори истиҳоза ҳастам ва пок намешавам, оё намозро тарк кунам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "На, ин хун аз раг аст, аммо намозро ба андозаи рӯзҳое, ки ҳайз мешудӣ тарк кун, сипас ғусл бикун ва намоз бихон."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 325

Шарҳ

Фотима бинти Абуҳубайш аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид ва гуфт: Хуни ман қатъ намешавад ва ҳатто вақте ки ман ҳайз нестам, идома меёбад, оё ин ҳукми ҳайзро дорад ва бояд намозро тарк кунам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Ин хуни истиҳоза аст ва ба сабаби беморӣ аз раги бачадон меояд ва он хуни ҳайз нест. Пас агар вақти ҳайз омад ва бинобар одати моҳона вақташро медонӣ - пеш аз истиҳоза шудан - пас намоз, рӯза ва дигар корҳоеро, ки зани ҳайздор дар ҳолати ҳайз тарк мекунад, тарк бикун. Чун миқдори он ба охир расид, дар ин ҳолат аз хуни ҳайз пок шудаи, сипас ҷои хунро бишӯй ва барои рафъи ҳадас ғусл карда намоз бигузор.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Барои зан ғусл кардан дар охири ҳайз воҷиб аст.
  2. Барои зане, ки дар ҳолати истиҳоза аст, намоз хондан воҷиб аст.
  3. Ҳайз хуни табиие аст, ки аз бачадони зани болиғ ба воситаи шармгоҳаш хориҷ мешавад ва дар рӯзҳои муайян рух медиҳад.
  4. Истиҳоза, ҷорӣ шудани хун дар ғайри вақташ аз зери бачадон аст.
  5. Фарқ байни хуни ҳайз ва хуни истиҳоза ин аст, ки хуни ҳайз сиёҳ, ғализ ва бадбӯй аст. Аммо хуни истиҳоза сурх, тунук ва бӯйи бад надорад.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية