+ -

عن جرير بن عبد الله رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«مَنْ لَا يَرْحَمِ النَّاسَ لَا يَرْحَمْهُ اللهُ عَزَّ وَجَلَّ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 2319]
المزيــد ...

Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ҳар кӣ ба мардум раҳм намекунад, Аллоҳ Таоло ба ӯ раҳм намекунад".

[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 2319]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар кӣ ба мардум раҳм накунад Аллоҳи Мутаъол низ бар ӯ раҳм намекунад. Раҳму меҳрубонӣ бар халқ аз бузургтарин авомили касби раҳмати Худованд аст.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Раҳму шафқат бар ҳама мавҷудот лозим аст, аммо бинобар аҳамияти вижа ба мардумон, ба таври хос аз онон ном бурда шудааст.
  2. Аллоҳ меҳрубон аст ва бар бандагони меҳрубонаш меҳрубон аст, пас подош аз ҷинси амал аст.
  3. Меҳрубонӣ ба мардум, яъне некӣ кардан ба онҳо, дафъи бадӣ аз онҳо ва рафтори меҳрубонона доштан ба онҳост.