+ -

عَن عُمَرَ بنِ الخَطَّابِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قال: سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«لَا تُطْرُونِي كَمَا أَطْرَتِ النَّصَارَى ابْنَ مَرْيَمَ؛ فَإِنَّمَا أَنَا عَبْدُهُ، فَقُولُوا: عَبْدُ اللهِ وَرَسُولُهُ».

[صحيح] - [رواه البخاري] - [صحيح البخاري: 3445]
المزيــد ...

Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ".

[صحيح] - [رواه البخاري] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 3445]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ифрот ва берун рафтан аз ҳадди шаръӣ дар мадҳ ва ситоиши худ ва васф намудани ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сифат ва амалҳое, ки хоси Аллоҳ Таъоло аст, ё гуфтани инки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ғайбро медонад ва ё дар баробари Аллоҳ аз ӯ дуо хостан, чунончи масеҳиён бо Исо ибни Марям карданд, манъ намудааст. Сипас баён намуданд, ки ӯ бандае аз бандагони Аллоҳ аст ва амр фармуданд, ки ӯро банда ва фиристодаи Аллоҳ бигӯем.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада Озарӣ Узбекӣ Украинӣ
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳушдор аз таҷовуз кардани ҳадди шаръӣ дар мадҳу ситоиш ва бузургдошт, зеро он яке аз авомил ба сӯи ширк аст.
  2. Ончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз он ҳушдор дода буд, дар миёни ин уммат иттифоқ афтодааст. Гурӯҳе дар мавриди шахсияти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), гурӯҳи дигаре дар мавриди аҳлу байти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва гурӯҳе дар мавриди авлиё дучори зиёдаравӣ гардида гирифтори ширк шуданд.
  3. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) худро "бандаи Аллоҳ" васф намуда баён доштанд, ки ӯ касе аст, ки бандагӣ ба Парвардигорро дорад. Бинобар ин нисбат додани ҳеҷ яке аз хусусиятҳои Худованд ба ӯ ҷоиз нест.
  4. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) худро "фиристодаи Аллоҳ" васф намуда баён намуданд, ки ӯ фиристодаи Худо ба сӯи башарият аст, бинобар ин тасдиқ ва пайравӣ аз ӯ воҷиб аст.
Бештар