1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Худо аз онҳо ном бурдааст, пас аз онон барҳазар бош

عَنْ ‌عَائِشَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهَا قَالَتْ:
تَلَا رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ هَذِهِ الْآيَةَ: {هُوَ الَّذِي أَنْزَلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ مِنْهُ آيَاتٌ مُحْكَمَاتٌ هُنَّ أُمُّ الْكِتَابِ وَأُخَرُ مُتَشَابِهَاتٌ فَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ زَيْغٌ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَابَهَ مِنْهُ ابْتِغَاءَ الْفِتْنَةِ وَابْتِغَاءَ تَأْوِيلِهِ، وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلَّا اللَّهُ، وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ يَقُولُونَ آمَنَّا بِهِ كُلٌّ مِنْ عِنْدِ رَبِّنَا وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّا أُولُو الْأَلْبَابِ} [آل عمران: 7]. قَالَتْ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «فَإِذَا رَأَيْتِ الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ مَا تَشَابَهَ مِنْهُ فَأُولَئِكَ الَّذِينَ سَمَّى اللهُ، فَاحْذَرُوهُمْ».

Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:
Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат фармуданд: ([Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад. (Оли Имрон: 7). Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Худо аз онҳо ном бурдааст, пас аз онон барҳазар бош"

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 4547

Шарҳ

Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат карданд: ([Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад. (Оли Имрон 7). Дар оёти мазкур Худованди Муттаъол хабар додааст, ки Ӯ Қуръонро бар паёмбараш фиристодааст, қисме аз он оятҳое ҳастанд, ки дорои маънои равшан ва ҳукми возеҳ аст ва чизе мубҳам дар он вуҷӯд надорад, ва ин аст асли Китоб ва сарчашмаи он, ва дар ҳоли вуҷӯди ихтилоф манбаъи бозгашт хоҳад буд. Қисми дигари он оятҳое ҳастанд, ки эҳтимоли чанд маъно дар онҳо вуҷӯд дорад ва маънои онҳо барои баъзе аз мардум номафҳум боқӣ мемонад, ё ба ин гумон, ки миёни ин оят ва оятҳои дигар таъоруз ва ихтилоф аст. Сипас Худованд шеваи бархурди мардумон бо ин оятҳоро ин гуна баён медорад, ки касоне дар дилҳояшон майли аз ҳақ баромадан аст оятҳои муҳкамро раҳо карда рӯй ба оятҳои муташобеҳ меоранд, ки маъонии эҳтимолӣ дар онҳо вуҷӯд дорад ва ҳадафашон аз он шубҳа андохтан миёни мардум ва гумроҳ кардани онҳо аст, мехоҳанд онҳоро мувофиқи майл ва ҳаваси худ таъвил ва тафсир кунанд. Аммо онон, ки дар илм устуворанд, оятҳои муташобеҳро медонанд ва маъонии онҳоро тибқи оятҳои муҳкам вомегузоранд ва ба он имон доранд ва медонанд, ки аз сӯи Парвардигор ҳастанд ва имкони дорои мафҳуми дигар ва ё таъоруз бар дигар оёт дар онҳо вуҷӯд надорад. Аммо танҳо касоне пандпазир мешаванд, ки ақли солим доранд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба модари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод гуфт: агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, бидон онон ҳамон касоне ҳастанд, ки Худованд онҳоро дар ин оят ном бурдааст, (аммо касоне ки дар дилҳояшон инҳироф ва гумроҳӣ аст) аз онҳо бипарҳезед ва ба суханонашон гӯш надиҳед.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Оятҳои муҳкам: оятҳое ҳастанд, ки маънояшон ошкор ва далолаташон равшан аст. Муташобеҳ: оятҳое ҳастанд, ки эҳтимоли бештар аз як маъноро дошта ниёз ба баррасӣ ва дарк доранд.
  2. Ҳушдор аз ҳамнишинӣ бо гумроҳон ва аҳли бидъат ва касоне, ки барои гумроҳ кардани мардум шакку шубҳа эҷод мекунанд.
  3. Дар поёни ояти мазкур, ки бо "ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад" хотима ёфтааст, накуҳиш бар мунҳарифшудагон ва ситоиш бар олимони раббонӣ ва собитқадам аст. Яъне: касе, ки панд нагирифт ва аз ҳавову ҳаваси худ пайравӣ кард, аз ҷумлаи афроди хирадманд нест.
  4. Пайравӣ аз муташобеҳ сабаби инҳироф ва гумроҳӣ мешавад.
  5. Оятҳои муташобеҳ, ки шояд мафҳуми онҳо дарк карда нашавад, бояд дар мавриди онҳо ба оятҳои муҳкам муроҷиат карда шавад.
  6. Худованд бахше аз оятҳои Қуръонро муҳкам ва қисме аз онро муташобеҳ қарор додааст, ва ин як имтиҳоне аст аз ҷониби Худованд барои мардум, то аҳли имон аз гумроҳон ташхис карда шавад.
  7. Вуҷӯди муташобеҳот дар Қуръони карим нишонгари бартарӣ ва фазилати олимон аз дигарон ва огоҳ сохтани зеҳнҳо аз камбуд ва костиҳо аст, то ба оҷиз будани худ эътироф ва таслими Офаридгори худ шавад.
  8. Фазилати устуворӣ дар илм ва зарурати пойдорӣ дар он.
  9. Муфассирон дар мавриди "Таъвили онро танҳо Аллоҳ медонад" дар ин фармудаи Ӯ Таъоло: { وما يعلم تأويله إلا الله والراسخون في العلم } бар ду назар ҳастанд: 1-Мурод аз он огоҳӣ ва донистани воқеияти як чиз, моҳияти он ва ончи, ки ҳеҷ роҳе барои дарк ва донистани он вуҷӯд надорад аст, ба монанди: рӯҳ ва қиёмат, ки илми он мунҳасир ба Ӯ Таъоло аст. Росихони дар илм (онон, ки дар илм устуворанд) ба он имон доранд ва ҳақиқати онро ба Худо месупоранд ва худ таслими он шуда аз ҳар гуна таъвил даст мебардоранд. 2-Мурод аз таъвил тафсир ва тавзеҳот аст, яъне Худованд онро медонад ва росихони дар илм низ аз он огоҳанд, ба он имон доранд ва дар мавриди тафсири он ба оятҳои муҳкам руҷуъ мекунанд.

Намоиши тарҷумаҳо

67 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
EL Ελληνικά اليونانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
LN Lingala اللينجالا
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو