1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар кас, ки муоҳад (кофире, ки бо аҳду паймон дар ватани мусалмонон даромадааст)-ро бикушад, бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, ҳарчанд, ки бӯи он аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад

عن عبد الله بن عمرو رضي الله عنهما عن النبي صلى الله عليه وسلم قال:
«مَنْ قَتَلَ مُعَاهَدًا ‌لَمْ ‌يَرَحْ ‌رَائِحَةَ الْجَنَّةِ، وَإِنَّ رِيحَهَا تُوجَدُ مِنْ مَسِيرَةِ أَرْبَعِينَ عَامًا».

Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки ӯ фармуд:
"Ҳар кас, ки муоҳад (кофире, ки бо аҳду паймон дар ватани мусалмонон даромадааст)-ро бикушад, бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, ҳарчанд, ки бӯи он аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад."

Саҳеҳ رواه البخاري Саҳеҳ Бухорӣ - 3166

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳдиди сахтеро баён мекунад, ки ҳар ки паймонбастаеро бикушад - яъне кофире, ки бо паймон ва амният ба сарзамини Ислом ворид шудааст - бӯи биҳишт ба машомаш нахоҳад расид, бо вуҷуди он ки бӯи биҳишт аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Куштани кофири муоҳад, зиммӣ ва мустаъман ҳаром аст ва ин кор аз гуноҳони кабира аст.
  2. Муоҳад: кофире аст, ки аз ӯ аҳду паймон гирифта шудааст ва дар сарзамини худаш зиндагӣ мекунад ва бо мусалмонон намеҷангад ва мусалмонон низ бо ӯ намеҷанганд. Зиммӣ: кофире аст, ки дар сарзамини мусалмонон зиндагӣ мекунад ва ҷизя медиҳад. Мустаъман: касе аст, ки бо аҳду паймон ва амният барои муддати муайян вориди сарзамини мусалмонон шудааст.
  3. Ҳушдор ва огоҳӣ аз хиёнат ба аҳду паймон бо ғайри мусалмонон.

Намоиши тарҷумаҳо

60 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية