+ -

عَنْ ‌أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ:
كَانَ أَهْلُ الْكِتَابِ يَقْرَؤُونَ التَّوْرَاةَ بِالْعِبْرَانِيَّةِ، وَيُفَسِّرُونَهَا بِالْعَرَبِيَّةِ لِأَهْلِ الْإِسْلَامِ، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَا تُصَدِّقُوا أَهْلَ الْكِتَابِ وَلَا تُكَذِّبُوهُمْ، وَقُولُوا: {آمَنَّا بِاللهِ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْنَا} [البقرة: 136] الْآيَةَ».

[صحيح] - [رواه البخاري] - [صحيح البخاري: 4485]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд:
Аҳли китоб Тавротро бо (забони) ибрӣ мехонданд ва барои мусалмонон онро бо арабӣ тафсир мекарданд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Аҳли китобро на тасдиқ кунед ва на такзиб, балки бигӯед: (Имон овардем ба Аллоҳ ва ба ончи бар мо нозил шудааст) (Бақара 136)"

[صحيح] - [رواه البخاري] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 4485]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худро аз фиреби ончи аҳли китоб нақл ва ривоят мекунанд, барҳазар доштааст. Дар замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) яҳудиён Тавротро ба забони ибрӣ, ки забони худи яҳудиён буд, мехонданд ва барои мусалмонон ба забони арабӣ тафсир ва маънидод мекарданд. Бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: аҳли китобро на тасдиқ кунед ва на такзиб, чун ончи онҳо мегӯянд дуруст ва дурӯғи он шинохта намешавад. Худованд моро амр фармудааст то бар ончи аз Қуръон бар мо нозил шудааст ва китобе, ки бар онҳо нозил шудааст, имон дошта бошем, ва мо дар навбати худ ҳеҷ роҳи донистани дуруст ва ё дуруғ будани ончи онҳо аз китобҳои худ нақл ва ривоят мекунанд надорем, магар ҳар ончи, ки дар шариати мо тавзеҳи дуруст ва ё хато будани он баён шуда бошад. Бинобар ин мо худдориро интихоб намуда на онҳоро тасдиқ мекунем ва на такзиб, то дар ончи онҳо дар китобҳои худ таҳриф кардаанд шарик набошем. Шояд дар баъзе аз маворид ончи мегӯянд дуруст ва мувофиқ ба шариати мо бошад, ки дар ин ҳолат ончи мо низ имон овардан ба он амр шудаем, инкор карда бошем. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармудаанд, ки бигӯем: (Эй муъминон ба аҳли китоб бигӯед:) "Мо ба Аллоҳ Таъоло имон овардаем ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва ба он чи, ки бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и Яъқуб] нозил гардид ва [ҳамчунин] ба он чи, ки ба Мӯсо ва Исо дода шудааст ва ба он чи, ки ба паёмбарони [дигар] аз тарафи Парвардигорашон дода шудааст [оре, ба ҳамаи онон имон меоварем] ва миёни ҳеҷ як аз эшон тафовут намегузорем ва мо [ҳамагӣ] таслими Аллоҳ Таъоло ҳастем" (Сураи Бақара: 136)

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ اليونانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ончи аҳли китоб мегӯянд бар се қисм аст: 1) Ончи мувофиқ бо Қуръон ва суннат аст, ки он тасдиқ карда мешавад. 2) Ончи мухолиф бо Қуръон ва суннат аст, ки он ботил ва дуруғ шуморида мешавад. 3) Ончи, ки дар Қуръон ва суннат чизе дар мавриди дуруст ва ё дурӯғ будани он ворид нашудааст, ки он ривоят карда мешавад, вале тасдиқ ё такзиб карда намешавад.