1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Ду тоифа аз аҳли дӯзах ҳастанд, ки онҳоро надидаам: Тоифае, ки тозиёнаҳое чун думи гов доранд ва бо он мардумро мезананд. Ва занҳои нимабараҳнае, ки либос пӯшидаанд, аммо дар ҳақиқат бараҳнаанд ва аз роҳи дуруст мунҳариф шудаанд ва дигаронро низ ба инҳироф ва фитна мекашонанд

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«صِنْفَانِ مِنْ أَهْلِ النَّارِ لَمْ أَرَهُمَا، قَوْمٌ مَعَهُمْ سِيَاطٌ كَأَذْنَابِ الْبَقَرِ يَضْرِبُونَ بِهَا النَّاسَ، وَنِسَاءٌ كَاسِيَاتٌ عَارِيَاتٌ مُمِيلَاتٌ مَائِلَاتٌ، رُؤُوسُهُنَّ كَأَسْنِمَةِ الْبُخْتِ الْمَائِلَةِ، لَا يَدْخُلْنَ الْجَنَّةَ، وَلَا يَجِدْنَ رِيحَهَا، وَإِنَّ رِيحَهَا لَيُوجَدُ مِنْ مَسِيرَةِ كَذَا وَكَذَا».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Ду тоифа аз аҳли дӯзах ҳастанд, ки онҳоро надидаам: Тоифае, ки тозиёнаҳое чун думи гов доранд ва бо он мардумро мезананд. Ва занҳои нимабараҳнае, ки либос пӯшидаанд, аммо дар ҳақиқат бараҳнаанд ва аз роҳи дуруст мунҳариф шудаанд ва дигаронро низ ба инҳироф ва фитна мекашонанд. Сарҳояшонро монанди кӯҳони шутур баромада месозанд. Инҳо вориди биҳишт намешаванд ва бӯйи биҳишт ба машомашон намерасад, ҳоло он ки бӯйи биҳишт аз чунин ва чунон масофа эҳсос мешавад."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2128

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ду тоифа, ки аз аҳли дӯзах ҳастанд, ҳушдор медиҳад, ки ононро надидааст ва дар замони ӯ вуҷуд надоштанд, балки баъд аз ӯ пайдо хоҳанд шуд:
Тоифаи аввал: Мардуме, ки тозиёнаи дароз доранд, ба монанди думи гов ва ба он мардумро мезананд. Ва онон маъмурон ва ёрони ҳокими ситамгар ҳастанд, ки мардумро ба ноҳақ мезананд.
Тоифаи дуввум: Заноне, ки либоси иффат ва ҳаёро, ки фитратан бо он ороста ҳастанд, аз худ канор гузоштаанд.
Онҳоро чунин васф кардааст: Дар ҳақиқат либос пӯшидаанд, аммо дар маъно урён ҳастанд. Зеро онон либосе мепӯшанд, ки тунук ва нозук аст ва баданро намоён мекунад ва зебоии ононро ба намоиш мегузорад, як қисми аз баданро мепӯшонад, вале қисми дигараш урён аст. Бо ин либосҳо ва роҳ рафтан бо нозу карашма ва моил кардани китфҳояшон дилҳои мардонро ба сӯи худ моил мекунанд. Худи онҳо моил ва мунҳариф ҳастанд, дигаронро низ ба сӯи инҳироф мекашонанд. Ва аз хислатҳои онон ин аст, ки сарҳояшон монанди кӯҳони каҷи шутурон аст. Зеро онҳо бо бастани чизе дар атрофи сарҳои худ, онро бузургтар аз он чи ки ҳаст, нишон медиҳанд. Ва ташбеҳи онон ба кӯҳони шутур ба сабаби ҷамъ кардани мӯйҳо бар як гӯшаи сарашон аст, ба тавре ки монанди кӯҳони шутур каҷ бошад. Пас дар бораи заноне, ки ин сифатҳоро доранд, ваъдаи азоби шадид омадааст, ки он ворид нашудан ба биҳишт ва эҳсос накардани бӯйи биҳишт аст. Дар ҳоле ки бӯйи биҳишт аз масофаи дур ба машом мерасад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Задан ва зарар расондан ба мардуме, ки гуноҳ надоранд ва муртакиби хатое нашудаанд, ҳаром аст.
  2. Ба золимон дар зулму ситамашон мадад расондан ҳаром аст.
  3. Ҳушдор ба занон дар бораи беҳиҷобӣ ва намоиш худ ва либоси танг ё шаффоф пӯшидан, ки ҷисм ва шармгоҳашро ба намоиш мегузорад.
  4. Ташвиқи занони мусалмон ба пойбандӣ ба амрҳои илоҳӣ ва дурӣ аз он чи сабаби хашму ғазаби Аллоҳ мегардад ва ӯро сазовори азоби ҷовидонӣ дар охират мекунад.
  5. Ин ҳадис яке аз далелҳои нубуввати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Чунон ки он Ҳазрат аз корҳои ғайбӣ, ки рух надода буд, хабар доданд ва он ҳамон тавре ки гуфта буд, рух дод.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية