+ -

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«إِنَّ اللهَ لَا يَظْلِمُ مُؤْمِنًا حَسَنَةً، يُعْطَى بِهَا فِي الدُّنْيَا وَيُجْزَى بِهَا فِي الْآخِرَةِ، وَأَمَّا الْكَافِرُ فَيُطْعَمُ بِحَسَنَاتِ مَا عَمِلَ بِهَا لِلَّهِ فِي الدُّنْيَا، حَتَّى إِذَا أَفْضَى إِلَى الْآخِرَةِ، لَمْ تَكُنْ لَهُ حَسَنَةٌ يُجْزَى بِهَا».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 2808]
المزيــد ...

Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт. Аммо кофир барои некиҳояш дар дунё рӯзӣ дода мешавад ва барои охират чизе аз некиҳояш намемонад то барояш подош дода шавад".

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 2808]

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) лутфи бузурги Худовандро бар мӯъминон ва адлаш бар кофиронро баён медорад. Аз подоши амалҳои неки мӯъмин кам карда намешавад, балки дар баробари итоат аз авомири Худованд дар дунё некӣ ва барои охират подош хоҳад дошт, ва шояд ҳам тамоми подошҳо барои охирати ӯ сабт ва ҳифз карда шавад. Аммо Худованд подоши некиҳои кофиронро ба некӣ дар дунё мубаддал мегардонад ва барои охират чизе барояшон боқӣ нахоҳад монд, зеро амали нек, ки дар дунё ва охират судманд аст бояд аз ҷониби шахси мӯъмин анҷом шавад.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ اليونانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳар касе дар ҳоли куфр бимирад, ҳеҷ амале барояш (дар охират) судманд нахоҳад буд.
Бештар