+ -

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قال:
جَاءَ نَاسٌ مِنْ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَسَأَلُوهُ: إِنَّا نَجِدُ فِي أَنْفُسِنَا مَا يَتَعَاظَمُ أَحَدُنَا أَنْ يَتَكَلَّمَ بِهِ، قَالَ: «وَقَدْ وَجَدْتُمُوهُ؟» قَالُوا: نَعَمْ، قَالَ: «ذَاكَ صَرِيحُ الْإِيمَانِ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 132]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:
Гурӯҳе аз асҳоби Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди эшон омаданд ва аз ӯ (с) пурсиданд: Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин аст, ки мегӯед?" Гуфтанд: бале. Фармуданд: "Он имони холис аст"

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 132]

Шарҳ

Гурӯҳе аз ёрони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди Паёмбари Худо омаданд ва аз ӯ дар бораи шак ва васвасаҳои бузурге, ки дар дили худ эҳсос мекарданд ва аз сабаби зишт будани онҳо аз ба забон оварданашон танаффур доштанд, пурсиданд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: Ончи дар дили шумо шӯъла мезанад ва боис шудааст, ки дар баробари ончи шайтон дар дилатон андохта аст истодагарӣ карда ва аз ба забон овардани он худдорӣ мекунед, имони холис ва яқин аст, ки ин худ нишонае аз роҳ наёфтани Шайтон ба дилҳои шумост, бар хилофи касоне, ки Шайтон бар дилҳои онҳо мусаллат гашта дар баробари он ҳеҷ чорае надоранд.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ اليونانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни заъфи Шайтон дар баробари муъминон ва баёни инки танҳо қодир ба васваса аст.
  2. Бовар накардан ба васвасаҳое, ки дар нафси инсон мегузарад, зеро он аз ҷониби Шайтон аст.
  3. Васвасаи Шайтон осебе бар шахси мӯъмин намерасонад, аммо бояд аз васвасаҳои шайтонӣ ба Худо паноҳ барад ва аз он худдорӣ кунад.
  4. Мусалмон набояд дар мавриди ончи боиси шак дар динаш мешавад сукут кунад, балки бояд дар ин бора (аз аҳли илм) бипурсад.
Бештар