1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё намешиносӣ

عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرٍو رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا:
أَنَّ رَجُلًا سَأَلَ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَيُّ الإِسْلاَمِ خَيْرٌ؟ قَالَ: «تُطْعِمُ الطَّعَامَ، وَتَقْرَأُ السَّلاَمَ عَلَى مَنْ عَرَفْتَ وَمَنْ لَمْ تَعْرِفْ».

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки
марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё намешиносӣ."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 12

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз беҳтарин хислатҳои Ислом пурсида шуд, ӯ ду хислатро зикр кард:
Якум: Зиёд таом додан ба фақирон. Ва дар ин таом додан, садақа, меҳмонӣ, зиёфати тӯй дохил аст. Таом додан дар замони қаҳтӣ ва гуруснагӣ ва қимматӣ фазилати бештар дорад.
Дуюм: Салом додан бар ҳамаи мусалмонон, хоҳ ӯро бишносӣ ё нашиносӣ.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Таваҷҷуҳи саҳоба барои шинохтани хислатҳое, ки барои дунё ва охират судманд аст.
  2. Салом додан ва таом додан аз беҳтарин амалҳо дар Ислом аст. Бинобар фазилати он ва ниёзи ҳамешагии мардум барои он.
  3. Инсон бо ин ду хислат, хайрхоҳӣ дар гуфтору кирдорро ба ҳам мепайвандад ва ин комилтарин хайрхоҳист.
  4. Ин хислатҳо барои муносибат байни мусалмонон бо ҳамдигар аст. Ва хислатҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки барои таомули банда бо Парвардигораш аст.
  5. Оғози салом додан махсус байни мусалмонон аст. Бинобар ин набояд бо кофир нахуст салом дод.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية