عَنْ أَبِي قَتَادَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَا يُمْسِكَنَّ أَحَدُكُمْ ذَكَرَهُ بِيَمِينِهِ وَهُوَ يَبُولُ، وَلَا يَتَمَسَّحْ مِنَ الْخَلَاءِ بِيَمِينِهِ، وَلَا يَتَنَفَّسْ فِي الْإِنَاءِ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 267]
المزيــد ...
Аз Абуқатода (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳеҷ яке аз шумо ҳангоми пешоб кардан узвашро бо дасти росташ нагирад ва бо он истинҷо накунад, инчунин вақти об нӯшидан дар зарфи об нафас накашад."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 267]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъзе одобҳоро баён намуданд. Аз ҷумла: Барои мард манъ аст, ки вақти пешоб кардан бо дасти росташ узвашро дошта пешоб кунад ва бо дасти рост наҷосатро аз узв ё мақъад дур кунад, зеро бо дасти рост корҳои хубро анҷом медиҳад. Инчунин аз нафаскашӣ (ё пуф кардан) дар зарфе, ки аз он об менӯшад наҳй карданд.