1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис вориди масҷид мешуд ин дуоро мехонд: "Аъузу биллоҳил-ъазим ва биваҷҳиҳил-карим ва султониҳил-қадим минаш-шайтонир-раҷим

عن عبد الله بن عمرو بن العاص رضي الله عنهما:
عن النبي صلى الله عليه وسلم أنه كان إذا دخل المسجد قال: «أعوذ بالله العظيم، وبوجهه الكريم، وسلطانه القديم، من الشيطان الرَّجِيم»، قال: أَقَطُّ؟ قلت: نعم، قال: فإذا قال ذلك قال الشيطان: حُفِظَ منِّي سائر اليوم.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст:
Ҳар гоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вориди масҷид мешуд ин дуоро мехонд: "Аъузу биллоҳил-ъазим ва биваҷҳиҳил-карим ва султониҳил-қадим минаш-шайтонир-раҷим". Гуфт: Оё фақат ҳаминро гуфт? Гуфтам: Оре. Гуфт: Ҳар гоҳ касе ин дуоро бигӯяд, шайтон мегӯяд: Ӯ дар давоми рӯз аз ман эмин мемонад.

Ҳасан رواه أبو داود Сунани Абудовуд - 466

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳар вақт масҷид медаромад, ин дуоро мегуфт: (Аъузу биллоҳил-ъазим) Паноҳ мебарам ба Аллоҳи бузург ва сифатҳояш. (ва би-ваҷҳиҳил-карим) Ба чеҳраи карими Ӯ, ки бахшанда ва атокунанда аст. (ва султониҳӣ) Ғалаба, қудрат ва қаҳри Ӯ бар ҳар касе аз бандагонаш бихоҳад. (ал-қадим) Азалӣ, абадӣ. (минаш-шайтонир-раҷим) Рондашуда ва дур шуда аз раҳмати илоҳӣ. Яъне: Худовандо! Маро аз васвасаҳо, гумроҳсозӣ, қадамҳои шайтон, илҳомҳои бад, зебо ҷилва доданҳои ботил ва гумроҳ кардани шайтони лаънатшуда нигоҳ дор, зеро ӯ сабаби гумроҳист ва касест, ки мардумро ба роҳи залолат, гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебарад. Ба Абдуллоҳ ибни Амр гуфта шуд: Оё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо ҳаминро гуфт? Гуфт: Оре.
Агар шахси ба масҷид дохилшаванда ин дуоро бигӯяд, шайтон мегӯяд: Ин шахс худро аз ман дар тамоми рӯз ва шабаш ҳифз кард.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати дуо бо ин зикр ҳангоми дохил шудан ба масҷид дар он аст, ки гӯяндаашро дар боқимондаи рӯзаш аз шайтон муҳофизат мекунад.
  2. Ҳушдор аз шайтон, ки ӯ ҳамеша дар камини мусалмон аст, то ӯро гумроҳ ва фиреб диҳад.
  3. Нигоҳдории инсон аз гумроҳӣ ва фитнаи шайтон ба ҳамон андозае аст, ки дар қалби инсон имон ба Аллоҳ, ҳузури дил ҳангоми хондани ин дуо ва эътиқод ба ваъдаи Худо, вуҷуд дорад.

Намоиши тарҷумаҳо

53 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية