عَنْ ابْنَ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«إِذَا رَأَيْتُمُوهُ فَصُومُوا، وَإِذَا رَأَيْتُمُوهُ فَأَفْطِرُوا، فَإِنْ غُمَّ عَلَيْكُمْ فَاقْدُرُوا لَهُ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 1900]
المزيــد ...
Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд:
"Ҳар гоҳ онро (ҳилоли Рамазонро) дидед, рӯза бигиред ва ҳар гоҳ онро (ҳилоли моҳи Шаволро) дидед ифтор кунед. Агар осмон абрнок бошад ва моҳро надидед, 30 рӯзро пурра намоед."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 1900]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишонаи даромадан ва баромадани ҳилоли моҳи Рамазонро баён намуданд: Ҳар гоҳ ҳилоли моҳи Рамазонро дидед, рӯза бигиред. Ва агар осмон абрнок бошад, ё чизи дигаре монеъа шуд ва моҳро дида натавонистед, 30 рӯзро барои моҳи Шаъбон пурра кунед. Ҳамчунин агар ҳилоли моҳи Шаволро дидед, ифтор кунед (ид кунед), агар осмон абрнок бошад ё чизи дигаре монеъа шуд ва моҳро дида натавонистед, 30 рӯзро барои моҳи Рамазон пурра кунед.