1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Сахттарин азобро назди Аллоҳ дар рӯзи қиёмат касоне доранд, ки кӯшиш мекунанд монанди махлуқоти Аллоҳ бисозанд

عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المُؤمنينَ رضي الله عنها قَالَتْ:
دَخَلَ عَلَيَّ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَقَدْ سَتَرْتُ سَهْوَةً لِي بِقِرَامٍ فِيهِ تَمَاثِيلُ، فَلَمَّا رَآهُ هَتَكَهُ وَتَلَوَّنَ وَجْهُهُ وَقَالَ: «يَا عَائِشَةُ، أَشَدُّ النَّاسِ عَذَابًا عِنْدَ اللهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ الَّذِينَ يُضَاهُونَ بِخَلْقِ اللهِ» قَالَتْ عَائِشَةُ: «فَقَطَعْنَاهُ فَجَعَلْنَا مِنْهُ وِسَادَةً أَوْ وِسَادَتَيْنِ».

Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба наздам даромад, дар ҳоле, ки бо порчаи пашмин, ки дар он муҷассамаи ҷондор тасвир шуда буд, тоқчаеро пӯшонида будам. Вақте онро дид, бардошт ва ранги рӯяш тағйир ёфт ва гуфт: "Эй Оиша, Сахттарин азобро назди Аллоҳ дар рӯзи қиёмат касоне доранд, ки кӯшиш мекунанд монанди махлуқоти Аллоҳ бисозанд" Оиша мегӯяд: "Онро пора карда аз он як ё ду болишт сохтем."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 2107

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои дидани Оиша (разияллоҳу анҳо) вориди хонааш шуд ва ҷевони кӯчакеро дид, ки дар он ашё нигоҳ дошта мешуд. Бо порчае, ки дар он тасвири мавҷудоти зинда буд, пӯшонидааст. Пас ранги чеҳраи он Ҳазрат аз рӯйи хашм барои Аллоҳ дигар шуд ва гуфт: Сахттарин азоби рӯзи қиёмат насиби касоне хоҳад буд, ки бо тасвирҳои худ ба офаридаҳои Аллоҳ тақлид мекунанд. Оиша мегӯяд: Онро пора карда як ё ду болишт сохтем.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Бадиро дар вақти дидан инкор кардан ва дар он сустӣ накардан, магар ин ки зиёни бузургтаре аз он ҳосил шавад.
  2. Азоб дар рӯзи қиёмат вобаста ба бузургии гуноҳ гуногун аст.
  3. Тасвири мавҷудоти зинда аз гуноҳони кабира аст.
  4. Яке аз ҳикматҳои манъи аксбардорӣ тақлид аз офариниши Худованди Мутаъол аст, новобаста аз он ки суратгир қасди тақлид кардан дорад ё на.
  5. Аҳамият додани шариат ба ҳифзи амвол ва баҳра бурдан аз он пас аз дурӣ аз он чи ки дар он ҳаром аст.
  6. Манъи сохтани тасвири мавҷудоти зинда дар ҳама гуна шакл, ҳатто агар барои иҳонат ва беэҳтиромӣ ҳам бошад.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية