1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Муъмини қавӣ дар назди Аллоҳ аз муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар яке хайре ҳаст

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«الْمُؤْمِنُ الْقَوِيُّ، خَيْرٌ وَأَحَبُّ إِلَى اللهِ مِنَ الْمُؤْمِنِ الضَّعِيفِ، وَفِي كُلٍّ خَيْرٌ، احْرِصْ عَلَى مَا يَنْفَعُكَ، وَاسْتَعِنْ بِاللهِ وَلَا تَعْجَزْ، وَإِنْ أَصَابَكَ شَيْءٌ، فَلَا تَقُلْ لَوْ أَنِّي فَعَلْتُ كَانَ كَذَا وَكَذَا، وَلَكِنْ قُلْ قَدَرُ اللهِ وَمَا شَاءَ فَعَلَ، فَإِنَّ (لَوْ) تَفْتَحُ عَمَلَ الشَّيْطَانِ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Муъмини қавӣ дар назди Аллоҳ аз муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар яке хайре ҳаст. Барои он чи ба ту фоида орад, саъй кун ва аз Аллоҳ ёрӣ бихоҳ ва нотавон мабош. Агар мусибате ба ту расад, магӯ: "Агар чунин мекардам, чунон мешуд", балки бигӯ: Аллоҳ муқаддар сохт ва ҳарчи бихоҳад мекунад. Зеро "агар" дарҳои кори шайтонро мекушояд."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2664

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён мекунанд, ки муъмин ҳамааш хуб аст. Аммо муъмине, ки дар имон, азму ирода, мол ва дигар ҷанбаҳои тавоноӣ қавӣ аст, дар назди Аллоҳ Таъоло беҳтар ва маҳбубтар аз муъмини нотавон аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муъминро ба баргирифтани сабабҳое, ки дар корҳои дунё ва охират барояш судманд аст, бо ҳамроҳи эътимод ва таваккал ба Аллоҳ Таъоло ва ёрӣ ҷустан аз Ӯ ва таваккал ба Ӯ тавсия карданд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз нотавонӣ, танбалӣ ва сустӣ дар анҷоми он чи ба фоидаи дунё ва охират аст, наҳйи карданд. Ва чун муъмин талоши худро анҷом диҳад ва сабабҳои судмандро иҷро кунад ва аз Аллоҳ Таъоло ёрӣ биҷӯяд ва аз Ӯ хайр бихоҳад, баъд аз он барояш эроде нест, ки корашро ба Аллоҳ бисупорад ва бидонад, ки интихоби Аллоҳ барои ӯ хайр аст. Ва баъд аз ин агар ба мусибате гирифтор шуд, нагӯяд: "Агар чунин мекардам, чунин ва чунон мешуд." "Зеро (агар) роҳро барои шайтон боз мекунад." Яъне, дар эътироз ба тақдир ва ҳасрат хӯрдан барои он чи аз даст рафтааст. Аммо аз рӯи таслим ва хушнудӣ бигӯяд: "Аллоҳ муқаддар намуд ва ҳарчи бихоҳад мекунад." Зеро ончи рӯй додааст, бо муқтазои иродаи Аллоҳ аст ва ҳарчи бихоҳад мекунад ва қазои Ӯро баргаште нест ва ҳукмашро ҳеҷ боздорандае нест.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тафовути мардум дар имон.
  2. Истифодаи қувват дар анҷом додани амалҳо мустаҳаб аст. Зеро фоидае, ки аз қудрат ба даст меояд, аз нотавонӣ ба даст намеояд.
  3. Инсон бояд ба он чизе, ки ба ӯ нафъ мебахшад, таваҷҷуҳ кунад ва он чиро, ки ба ӯ нафъ намерасонад, тарк кунад.
  4. Муъмин бояд дар ҳама кораш аз Худо ёрӣ бихоҳад, на ин ки ба худ эътимод кунад.
  5. Исботи тақдир ва сарнавишт ва ин ки исботи он бо анҷом додани сабабҳо ва талош кардан дар ҷустуҷӯи амалҳои хайр мухолифат надорад.
  6. Вақти фаро расидани мусибатҳо ва балоҳо аз "агар" гуфтан наҳйи шудааст. Ва мухолифат кардан ба қазо ва қадари Аллоҳ ҳаром аст.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية