عَنْ أَبي مَسْعُودٍ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«إِنَّ مِمَّا أَدْرَكَ النَّاسُ مِنْ كَلاَمِ النُّبُوَّةِ الأُولَى: إِذَا لَمْ تَسْتَحْيِ فَاصْنَعْ مَا شِئْتَ».
[صحيح] - [رواه البخاري] - [صحيح البخاري: 6120]
المزيــد ...
Аз Абумасъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ].
[صحيح] - [رواه البخاري] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 6120]
Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки яке аз васиятҳое, ки аз паёмбарони пешин омадааст ва мардум онро дар байни худ паҳн намуда, аз насл ба насл мерос гирифтаанд, то ба аввали ин уммат расидааст, чунин аст: Ба он чи мехоҳӣ анҷом диҳӣ, назар кун, агар он чизе бошад, ки анҷом доданаш сабаби шарму ҳаё нагардад, пас анҷомаш деҳ, аммо агар амале бошад, ки анҷом доданаш сабаби шарму ҳаё гардад, пас онро тарк кун. Зеро шарму ҳаё монеи асосии анҷоми корҳои зишту нораво аст. Ҳар касе, ки ҳаё надошта бошад, ба ҳар гуна фаҳшо ва амали зишт гирифтор мешавад.