1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Ҳеҷ яке аз шумо намирад, магар он ки нисбати Худованд гумони хуб дошта бошад

عَنْ جَابِرٍ رضي الله عنه قَالَ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَبْلَ وَفَاتِهِ بِثَلَاثٍ يَقُولُ:
«لَا يَمُوتَنَّ أَحَدُكُمْ إِلَّا وَهُوَ يُحْسِنُ بِاللهِ الظَّنَّ».

Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки пеш аз вафоташон се чизро баён карданд:
"Ҳеҷ яке аз шумо намирад, магар он ки нисбати Худованд гумони хуб дошта бошад".

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2877

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ташвиқ намудааст, ки мусалмон намирад, магар ин ки ба Аллоҳ бо умеди бахшиш ва раҳмати Ӯ гумони нек дошта бошад. Зеро тарс барои беҳтар кардани амал лозим аст, аммо ҳолати марг вақти анҷом додани кор нест, балки дар чунин ҳолат бояд умед ба Аллоҳ Таъоло бештар бошад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Таваҷҷуҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар роҳнамои ва ғамхорию меҳрубонии умматаш дар ҳама ҳолатҳо, ҳатто дар бистари марг ҳам уммати худро насиҳат намуда онҳоро ба роҳҳои наҷот раҳнамоӣ мекард.
  2. Тайбӣ гуфтааст: Акнун амалҳои худро хуб анҷом диҳед, то ҳангоми марг нисбат ба Худованд гумони хуб дошта бошед, зеро касе, ки пеш аз марг амалаш бад аст, ҳангоми марг низ ба Худованд гумони бад хоҳад дошт.
  3. Комилтарин ҳолат барои банда он аст, ки умеду тарс мутаносиб ва муътадил бошад ва муҳаббат бар онҳо ғолиб гардад. Зеро муҳаббат василаи сафар аст, умед тезбину тезрон ва тарс ронанда аст, ва Худованд бо фазлу карамаш бандаро мерасонад.
  4. Шахсе назди беморе меравад, ки дар бистари марг қарор дорад, бояд масъалаи умед ва гумони нек ба Худоро дар ӯ бештар гардонад. Зеро дар ҳадисе, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро се рӯз пеш аз маргаш гуфтааст, чунин омадааст.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية