عَنِ العَبَّاسِ بْنِ عَبْدِ الْمُطَّلِبِ رَضيَ اللهُ عنهُ قَالَ:
قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ، عَلِّمْنِي شَيْئًا أَسْأَلُهُ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ. قَالَ: «سَلِ اللَّهَ العَافِيَةَ»، فَمَكَثْتُ أَيَّامًا ثُمَّ جِئْتُ فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ، عَلِّمْنِي شَيْئًا أَسْأَلُهُ اللَّهَ. فَقَالَ لِي: «يَا عَبَّاسُ، يَا عَمَّ رَسُولِ اللهِ، سَلِ اللَّهَ العَافِيَةَ فِي الدُّنْيَا وَالآخِرَةِ».
المزيد
Аз Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Гуфтам: Эй Расули Худо, маро чизе биёмӯз, ки онро аз Аллоҳ Азза ва Ҷалла бихоҳам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Аз Худованд офият (саломатӣ ва осоиштагӣ)-ро бихоҳ." Баъд аз чанд рӯз боз омадам ва гуфтам: Эй Расули Худо, чизе ба ман биёмӯз, ки аз Худованд талаб кунам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман фармуд: "Эй Аббос, эй амаки Расули Аллоҳ, аз Худованд офиятро дар дунё ва охират бихоҳ."