عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ وَأَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنهما عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«يُنَادِي مُنَادٍ: إِنَّ لَكُمْ أَنْ تَصِحُّوا فَلَا تَسْقَمُوا أَبَدًا، وَإِنَّ لَكُمْ أَنْ تَحْيَوْا فَلَا تَمُوتُوا أَبَدًا، وَإِنَّ لَكُمْ أَنْ تَشِبُّوا فَلَا تَهْرَمُوا أَبَدًا، وَإِنَّ لَكُمْ أَنْ تَنْعَمُوا فَلَا تَبْأَسُوا أَبَدًا» فَذَلِكَ قَوْلُهُ عَزَّ وَجَلَّ: {وَنُودُوا أَنْ تِلْكُمُ الْجَنَّةُ أُورِثْتُمُوهَا بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ} [الأعراف: 43].
المزيد
Аз Абусаъиди Худрӣ ва Абуҳурайра (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Мунодӣ нидо мекунад: шумо ҳақ доред, ки шифо ёбед ва ҳаргиз бемор нашавед, ҳақ доред, ки ҳаёт дошта бошед ва ҳаргиз намиред, ҳақ доред, ки ҳамеша ҷавон бимонед ва ҳаргиз пир нашавед, ҳақ доред, ки ҳамеша дар неъмат ва осоиш бошед ва ҳаргиз ғамгину ноумед нашавед". Он ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст, ки мегӯяд: ([Он гоҳ] Ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳишт ба подоши он чи мекардед, ба шумо расидааст») (Сураи Аъроф, ояти 43).