عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«إِنَّ اللَّهَ تَبَارَكَ وَتَعَالَى يَقُولُ لِأَهْلِ الجَنَّةِ: يَا أَهْلَ الجَنَّةِ؟ فَيَقُولُونَ: لَبَّيْكَ رَبَّنَا وَسَعْدَيْكَ، فَيَقُولُ: هَلْ رَضِيتُمْ؟ فَيَقُولُونَ: وَمَا لَنَا لاَ نَرْضَى وَقَدْ أَعْطَيْتَنَا مَا لَمْ تُعْطِ أَحَدًا مِنْ خَلْقِكَ؟ فَيَقُولُ: أَنَا أُعْطِيكُمْ أَفْضَلَ مِنْ ذَلِكَ، قَالُوا: يَا رَبِّ، وَأَيُّ شَيْءٍ أَفْضَلُ مِنْ ذَلِكَ؟ فَيَقُولُ: أُحِلُّ عَلَيْكُمْ رِضْوَانِي، فَلاَ أَسْخَطُ عَلَيْكُمْ بَعْدَهُ أَبَدًا».
المزيد
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба аҳли биҳишт мегӯяд: Эй аҳли биҳишт! Онҳо мегӯянд: Лаббайк, Парвардигори мо! Мо итоат мекунем ва хушбахтем!
Худованд мепурсад: Оё шумо розӣ ҳастед?
Онҳо мегӯянд: Чаро розӣ набошем, дар ҳоле ки ба мо чизҳоеро додӣ, ки ба ҳеҷ як аз махлуқоти Худ надодаӣ?
Худованд мефармояд: Ман ба шумо чизе беҳтар аз ҳамаи инҳо медиҳам.
Онҳо мегӯянд: Эй Парвардигор, чӣ чизе беҳтар аз ин аст? Худованд мефармояд: Ман ризоияту хушнудии худро шомили ҳоли шумо мегардонам ва ҳаргиз пас аз ин бар шумо хашм намегирам."