Дастабандӣ:
+ -

عَنْ أَبِي مُحَمَّدٍ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ العَاصِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى يَكُونَ هَوَاهُ تَبَعًا لِمَا جِئْتُ بِهِ».

[قال النووي: حديث صحيح] - [رويناه في كتاب الحجة بإسناد صحيح] - [الأربعون النووية: 41]
المزيــد ...

Аз Абуабдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад".

-

Шарҳ

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки инсон дорои имони комил ва воҷиб намегардад, магар вақте ки муҳаббати ӯ мутобиқи он чи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, аз амрҳо, наҳйҳо ва дигар чизҳо, бошад. Яъне, бояд он чи ӯ амр кардааст, дӯст бидорад ва он чи наҳй кардааст, бад пиндорад ва аз он дур бошад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ин ҳадис қоидаест дар зарурати таслим шудан ба шариат ва фармонбардорӣ аз он.
  2. Ин огоҳ кардани инсон аст, ки ҳар касе ақл ё одатро болотар аз он чи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, қарор диҳад, пас чунин шахс аз имон маҳрум шуморида мешавад.
  3. Вуҷуби ҳоким қарор додани шариат дар ҳама чиз, ба далели гуфтаи он Ҳазрат: "Он чиро, ки ман овардаам".
  4. Имон бо итоат афзоиш меёбад ва бо гуноҳ кам мешавад.
Тарҷума: Англисӣ Урду Индонезӣ Бангладешӣ Туркӣ Русӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Таиландӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Амҳарӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Дарӣ Сербӣ Кинёрвондӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري الولوف Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية المقدونية الخميرية
Намоиши тарҷумаҳо
Дастабандишудаҳо
Бештар