1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст

عَنْ أُمِّ المُؤْمِنِينَ أُمِّ عَبْدِ اللَّهِ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا، قَالَتْ: قَالَ: رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم:
«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ فَهُوَ رَدٌّ». وَفِي رِوَايَةٍ لِمُسْلِمٍ: «مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيْهِ أَمْرُنَا فَهُوَ رَدٌّ».

Аз модари муъминон Умми Абдуллоҳ Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст". Ва дар ривояти дигар аз Муслим омадааст: "Ҳар касе амале анҷом диҳад, ки дар дини мо набошад, пас он мардуд аст".

Саҳеҳ رواه البخاري ومسلم الأربعون النووية - 5

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе дар дин кори наве ихтироъ кунад ё коре анҷом диҳад, ки аз Қуръон ва Суннат далеле надошта бошад, он кор ба соҳибаш рад карда мешавад ва назди Аллоҳ пазируфта намешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ибодат бар асоси он чизе аст, ки дар Қуръону Суннат омадааст. Бинобар ин, Аллоҳ Таъолоро ибодат намекунем магар бар асоси шариат, на бар асоси бидъат ва навсохтаҳо.
  2. Дин бар асоси раъй (назар ва фикр) ва неку пиндоштан нест, балки бар пайравӣ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.
  3. Ин ҳадис далолат бар комил будани дин (Ислом) мекунад.
  4. Бидъат ҳар чизи навсохтае аст, ки ба дин ворид шудааст ва дар замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва асҳобаш вуҷуд надошт, чи эътиқод бошад ё сухан, ё амал.
  5. Ин ҳадис яке аз аслҳои дини Ислом аст ва монанди тарозуест барои амалҳо. Ҳамон тавр ки ҳар амале ба хотири Аллоҳ набошад, пазируфта намешавад ва анҷомдиҳандааш савобе намегирад, инчунин ҳар амале, ки бар асоси раҳнамоии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) набошад, ба анҷомдиҳандааш бозгардонида мешавад ва аз ӯ пазируфта намешавад.
  6. Ин ҳадис қоидае аст барои рад кардани бидъатҳои падидомада ва мункароти рӯйдода.
  7. Навовариҳое, ки аз он наҳйи шудааст, корҳое ҳастанд, ки ба дин марбут ҳастанд на ба корҳои дунё.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو
Дастабандиҳо