عَنْ عَائِشَةَ رضي الله عنها قَالَتْ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم:
«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ فِيهِ فَهُوَ رَدٌّ» متفق عليه.
ولمسلم: «مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيْهِ أَمْرُنَا فَهُوَ رَدٌّ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 2697]
المزيــد ...
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ҳар ки дар ин амри мо (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, он (чиз) пазируфта намешавад". Муттафақун алайҳи. Ва дар ривояти Муслим омадааст: "Ҳар ки коре анҷом диҳад, ки амри мо бар он нест, он (кор) мардуд аст".
[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 2697]
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе дар дин кори наве ихтироъ кунад ё коре анҷом диҳад, ки аз Қуръон ва Суннат далеле надошта бошад, он кор ба соҳибаш рад карда мешавад ва назди Аллоҳ пазируфта намешавад.