1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Эй Аллоҳ! Аз заволи неъмат ва дигаргун шудани офиятат, ки ба мо бахшидаӣ ва аз хашму ғазаби ногаҳон ва тамоми хашму ғазабат, ба Ту паноҳ мебарам

عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما قَالَ: كَانَ مِنْ دُعَاءِ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ زَوَالِ نِعْمَتِكَ، وَتَحَوُّلِ عَافِيَتِكَ، وَفُجَاءَةِ نِقْمَتِكَ، وَجَمِيعِ سَخَطِكَ».

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Аз ҷумла дуоҳое, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мехонданд, ин дуо аст:
"Эй Аллоҳ! Аз заволи неъмат ва дигаргун шудани офиятат, ки ба мо бахшидаӣ ва аз хашму ғазаби ногаҳон ва тамоми хашму ғазабат, ба Ту паноҳ мебарам."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2739

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз чаҳор чиз паноҳ хостааст:
Якум: (Эй Худо, ман ба Ту аз заволи неъматат паноҳ меҷӯям) динӣ ва дунявӣ. Ва аз Ту мепурсам, ки маро дар Ислом устувор гардонӣ ва маро аз уфтодан ба гуноҳоне, ки неъматҳоро аз байн мебарад, дур нигоҳ дорӣ.
Дуюм: (Ва тағйири офиятатро) ба беморӣ ва бало табдил ёфтан, ман аз Ту давомнокии офият ва сиҳатмандии доимӣ аз дардҳо ва бемориҳоро металабам.
Сеюм: (Ва ногаҳон омадани ҷазои Ту) аз имтиҳон ё мусибат. Зеро агар имтиҳон ва мусибат ногаҳонӣ биёяд, фурсате барои тавба ва ҷуброн боқӣ намемонад ва ин мусибат бузургтар ва шадидтар хоҳад буд.
Чаҳорум: (Ва ҳама навъҳои ғазаби Ту) ва сабабҳои барангезандаи ғазаби Ту, зеро ҳар касе, ки ба ғазаби Ту гирифтор шавад, зиёндида ва ноком шудааст.
Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) лафзи ҷамъро истифода кардааст, то ҳама сабабҳои ғазаб ва норозигии Худовандро, аз суханҳо, амалҳо ва эътиқодот, дар бар гирад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ниёзи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Аллоҳ Таъоло.
  2. Ин истиъозаи муборак фарогири ду чиз аст: тавфиқ ба шукргузорӣ аз неъматҳо ва ҳифз аз гирифтор шудан дар гуноҳон, зеро гуноҳон неъматҳоро аз байн мебаранд.
  3. Талош варзидан барои дурӣ аз ҷойҳои хашми Аллоҳ Таъоло.
  4. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ғазаби ногаҳониӣ Аллоҳ Таъоло паноҳ бурдааст, зеро агар Худованд аз бандааш интиқом гирад, бар ӯ балое мерасад, ки наметавонад онро дафъ кунад. Ҳатто агар ҳама махлуқот бо ҳам якҷо ҷамъ шаванд, то онро дафъ кунанд, коре анҷом дода наметавонанд.
  5. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тағйир ёфтани сиҳатмандии худ аз ҷониби Худованд истиъоза кардааст, зеро агар Худованд ӯро ба сиҳатмандӣ махсус гардонида бошад, дар ҳақиқат некии ҳарду ҷаҳонро соҳиб шудааст. Вале агар ин сиҳатмандӣ аз ӯ дур шавад, пас ӯ ба бадбахтии ҳарду ҷаҳон дучор мешавад, зеро сиҳатмандӣ ва офият, асоси салоҳу некии дину дунё аст.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية