عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ رضي الله عنهما أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يَدْعُو بِهَؤُلَاءِ الْكَلِمَاتِ:
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ غَلَبَةِ الدَّيْنِ، وَغَلَبَةِ الْعَدُوِّ، وَشَمَاتَةِ الْأَعْدَاءِ».
[صحيح] - [رواه النسائي وأحمد] - [سنن النسائي: 5475]
المزيــد ...
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ин калимаҳо дуо мекарданд:
"Эй Аллоҳ! Аз сангинии қарз ва чирагии душман ва шодкомии ӯ, ба Ту паноҳ мебарам."
[Саҳеҳ] - [رواه النسائي وأحمد] - [Сунани Насоӣ - 5475]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин чизҳо ба Аллоҳ паноҳ бурдааст:
Якум: (Худоё, ман ба Ту паноҳ меорам) яъне, ба Ту рӯй меорам ва аз Ту ёрӣ металабам, на аз ғайри Ту, (аз афзоиши қарз), аз он ки қарз бар ман зиёд гардад ва бо ғаму ташвиши он сахтӣ кашам. Инчунин аз ту мадад мехоҳам, то дар пардохти қарзам маро кумак кунӣ.
Дуюм: (Ва аз ғалабаи душман), аз он ки душман бар ман ғолиб шавад, маро мағлуб созад ё зулму ситам кунад. Ва ман аз ту хоҳони дифоъ ва ёрӣ бар ӯ ҳастам, то офаташро боздорӣ ва бароям пирӯзӣ ато кунӣ.
Сеюм: (Ва аз шодии душманон), паноҳ мебарам ба Ту, эй Парвардигор, аз он ки душманон аз бадбахтӣ, мусибат ё озоре, ки ба ман ё ба мусалмонон мерасад, хушҳол ва шод гарданд.