عَنْ أَبِي مُوسَى رضي الله عنه عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِنَّ اللهَ عَزَّ وَجَلَّ يَبْسُطُ يَدَهُ بِاللَّيْلِ لِيَتُوبَ مُسِيءُ النَّهَارِ، وَيَبْسُطُ يَدَهُ بِالنَّهَارِ لِيَتُوبَ مُسِيءُ اللَّيْلِ، حَتَّى تَطْلُعَ الشَّمْسُ مِنْ مَغْرِبِهَا».
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 2759]
المزيــد ...
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Аллоҳ (Азза ва Ҷалла) дасти Худро дар шаб боз мекунад, то гунаҳкори рӯз тавба кунад ва рӯзона дасти Худро боз мекунад, то гунаҳкори шаб тавба кунад, то ин ки офтоб аз мағриб тулуъ кунад."
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 2759]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додаанд, ки Аллоҳ Таъоло тавбаро аз бандагонаш қабул мекунад. Пас агар банда дар рӯз гуноҳе кунад ва дар шаб тавба кунад, Аллоҳ Таъоло тавбаи ӯро қабул мекунад. Ва агар шаб гуноҳ кунад ва рӯзона тавба кунад, Аллоҳ Таъоло тавбаашро қабул мекунад. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дасти Худро аз рӯйи хушнудӣ барои тавбаи банда ва қабули он боз мекунад. Ва дари тавба ҳамчунон боз аст, то ин ки офтоб аз мағриб тулуъ кунад, ки он нишонаи поёни дунё аст. Ва чун офтоб аз мағриб тулуъ кард, дари тавба ҳам баста мешавад.