عن أُبيِّ بن كعبٍ رضي الله عنه قال:
صلَّى بنا رسولُ الله صلى الله عليه وسلم يومًا الصُّبحَ فقال: «أشاهِد فُلان؟» قالوا: لا، قال: «أشاهِدٌ فُلان؟» قالوا: لا، قال: «إنَّ هاتيَنِ الصَّلاتين أثقَلُ الصَّلَواتِ على المُنافقين، ولو تعلمون ما فيهما لأتيتُمُوهما ولو حَبْوًا على الرُّكب، وإن الصفَّ الأوّلَ على مِثلِ صَفِّ الملائكة، ولو عَلِمتُم ما فضيلتُه لابتَدَرتُموهُ، وإنّ صلاةَ الرجل مع الرجل أزكى من صلاتِه وحدَه، وصلاتَه مع الرجلَين أزكى من صلاتِه مع الرجل، وما كَثُرَ فهو أحبُّ إلى الله تعالى».
المزيد
Аз Убай ибни Каъб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзе намози бомдодро бо мо гузошт ва фармуд: "Оё фалонӣ дар ҷамоат ҳозир буд?" Гуфтанд: не. Пурсид: "Оё фалонӣ дар ҷамоат ҳозир буд?" Гуфтанд: не. Он Ҳазрат фармуданд: "Ин ду намоз (бомдод ва хуфтан) барои мунофиқон аз ҳама душвортарин намозҳо аст. Агар шумо бидонед, ки дар онҳо чӣ подошу фазилате ҳаст, ҳатман барои хондани онҳо бо ҷамоат бо зонуҳоятон хазида меомадед. Сафи аввал монанди сафҳои фариштагон аст. Агар шумо бидонед, ки он чӣ фазилате дорад, барои расидан ба он аз якдигар сабқат мегирифтед. Намози мард бо марди дигар афзалтар аз танҳо намоз гузоштани ӯст, бо ду кас намоз гузоштанаш боз ҳам афзалтар аст. Ва ҳар қадар бештар бошад, он барои Худо дӯстдоштанитар аст."