عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«صَلَاةُ الرَّجُلِ فِي جَمَاعَةٍ تَزِيدُ عَلَى صَلَاتِهِ فِي بَيْتِهِ وَصَلَاتِهِ فِي سُوقِهِ بِضْعًا وَعِشْرِينَ دَرَجَةً، وَذَلِكَ أَنَّ أَحَدَهُمْ إِذَا تَوَضَّأَ فَأَحْسَنَ الْوُضُوءَ، ثُمَّ أَتَى الْمَسْجِدَ لَا يَنْهَزُهُ إِلَّا الصَّلَاةُ، لَا يُرِيدُ إِلَّا الصَّلَاةَ، فَلَمْ يَخْطُ خَطْوَةً إِلَّا رُفِعَ لَهُ بِهَا دَرَجَةٌ، وَحُطَّ عَنْهُ بِهَا خَطِيئَةٌ، حَتَّى يَدْخُلَ الْمَسْجِدَ، فَإِذَا دَخَلَ الْمَسْجِدَ كَانَ فِي الصَّلَاةِ مَا كَانَتِ الصَّلَاةُ هِيَ تَحْبِسُهُ، وَالْمَلَائِكَةُ يُصَلُّونَ عَلَى أَحَدِكُمْ مَا دَامَ فِي مَجْلِسِهِ الَّذِي صَلَّى فِيهِ، يَقُولُونَ: اللهُمَّ ارْحَمْهُ، اللهُمَّ اغْفِرْ لَهُ، اللهُمَّ تُبْ عَلَيْهِ، مَا لَمْ يُؤْذِ فِيهِ، مَا لَمْ يُحْدِثْ فِيهِ».
المزيد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"(Аҷру подоши) намози як марди мусалмон бо ҷамоат, бисту чанд дараҷа бештар аз намозест, ки дар хона ва дар бозор мехонад, мешавад. Зеро вақте ки яке аз онҳо таҳорат кунад ва таҳораташро хуб анҷом диҳад ва сипас ба масҷид биёяд ва чизе ҷуз намоз ӯро наоварда бошад ва танҳо барои намоз омада бошад, пас қадаме намебардорад, магар ин ки дараҷае бар дараҷаҳояш афзуда мешавад ва як гуноҳ аз ӯ пок мешавад, то ин ки вориди масҷид шавад. Ва чун вориди масҷид шуд, то вақте ки намоз ӯро нигоҳ дошта бошад, дар ҳоли намоз хоҳад буд. Ва фариштагон то вақте, ки яке аз шумо дар ҷои намоз хондааш нишаста аст, бар ӯ дуруд мефиристанд. Ва мегӯянд: Илоҳо ӯро раҳм кун, Илоҳо ӯро биёмурз, Илоҳо тавбаи ӯро бипазир. То замоне ки озор нарасонад ё таҳораташ ботил нашавад."