عَنِ أبي زُهير عُمَارَةَ بْنِ رُؤَيْبَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم:
«لَنْ يَلِجَ النَّارَ أَحَدٌ صَلَّى قَبْلَ طُلُوعِ الشَّمْسِ وَقَبْلَ غُرُوبِهَا»
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 634]
المزيــد ...
Аз Абузуҳайр, Умора ибни Руъайба (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Ҳар касе, ки пеш аз тулуи офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз бихонад, ба оташ ворид намешавад."
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 634]
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки касе намозҳои субҳ ва асрро адо кунад ва пайваста бар ин амалаш боқӣ бимонад, ба оташи дӯзах намедарояд. Ин ду намозро махсус таъкид кардааст, зеро онҳо вазнинтарин намозон ҳастанд. Вақти субҳ вақте аст, ки одамон дар хоб ва лаззати он ҳастанд. Ва вақти аср вақте аст, ки мардум дар кори рӯзона ва тиҷорат машғуланд. Касе, ки ин ду намозро бо вуҷуди мушкилот (адо намуда) нигоҳ дорад, дигар намозҳоро ҳам нигоҳ медорад.