عَنْ عُثْمَانَ رضي الله عنه قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«مَا مِنَ امْرِئٍ مُسْلِمٍ تَحْضُرُهُ صَلَاةٌ مَكْتُوبَةٌ فَيُحْسِنُ وُضُوءَهَا وَخُشُوعَهَا وَرُكُوعَهَا، إِلَّا كَانَتْ كَفَّارَةً لِمَا قَبْلَهَا مِنَ الذُّنُوبِ، مَا لَمْ يُؤْتِ كَبِيرَةً، وَذَلِكَ الدَّهْرَ كُلَّهُ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 228]
المزيــد ...

Аз Усмон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
"Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вақти намози фарзиаш фаро расад ва ба хубӣ таҳорат кунад ва бо хушуъ ва фурутанӣ намозашро анҷом диҳад, магар ин ки каффораи гуноҳони пеш аз он омадааш хоҳад шуд, агар муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин барои ҳамеша аст."

[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 228]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки мусалмоне нест, ки вақти намози фарзаш фаро расад ва таҳораташро ба хубӣ ва комил анҷом диҳад ва дар намозаш хошеъ бошад, тавре ки дил ва ҳама узвҳои ӯ рӯ ба рӯи Аллоҳ бошанд ва бузургии Аллоҳро ба ёд оварда ва корҳои намозро, монанди рукуъ ва саҷдаҳо ба шакли комил анҷом диҳад, магар ин ки ин намоз гуноҳони сағираи пеш аз худро пок мекунад, то вақте ки муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин фазилат дар тӯли замон ва дар ҳама намозҳо аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Намозе, ки каффораи гуноҳон аст, он намозе аст, ки банда хуб таҳорат карда ва онро бо хушуъ ва ба қасди розигии Аллоҳ Таъоло анҷом диҳад.
  2. Фазилати давомнокӣ бар ибодатҳо ва ин ки ибодатҳо сабаби мағфирати гуноҳони сағира ҳастанд.
  3. Фазилати таҳорати комил ва хуб адо кардани намоз ва хушуъ дар он.
  4. Муҳиммияти дур будан аз гуноҳони кабира, барои мағфирати гуноҳони сағира.
  5. Гуноҳони кабира танҳо бо тавба пок мешаванд.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: الإنجليزية الأوردية الإسبانية Бештар (57)
Бештар