1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!

‌عَنْ ‌أَبِي ‌ذَرٍّ، ‌جُنْدُبِ ‌بْنِ ‌جُنَادَةَ، ‌وَأَبِي ‌عَبْدِ ‌الرَّحْمَنِ، ‌مُعَاذِ بْنِ جَبَلٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا عَنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«اتَّقِ اللَّهَ حَيْثُمَا كُنْت، وَأَتْبِعْ السَّيِّئَةَ الْحَسَنَةَ تَمْحُهَا، وَخَالِقْ النَّاسَ بِخُلُقٍ حَسَنٍ».

Аз Абузар, Ҷундуб ибни Ҷунода ва Абуабдурраҳмон, Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"

قال الترمذي: حديث حسن رواه الترمذي الأربعون النووية - 18

Шарҳ

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба се чиз амр намудааст: Якум: Парҳезгорӣ аз Аллоҳ Таъоло, бо анҷом додани воҷиботаш ва тарк намудани муҳаррамоташ, дар ҳар макон, замон ва ҳолат, пинҳон ва ошкоро, дар неъмат ва мусибат ва ғайра. Дуюм: Агар муртакиби гуноҳе шудӣ, пас аз он кори неке анҷом деҳ, аз қабили намоз, садақа, некӣ ба мардум, силаи раҳм, тавба ва ғайра. Зеро ин амали нек гуноҳро пок месозад. Сеюм: Бо мардум бо ахлоқи нек муомила кун, аз қабили табассум дар рӯйи онҳо, нармӣ ва мулоимат, кумак кардан ба дигарон ва манъи озору азияти мардум.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазлу карами Аллоҳ Таъоло бар бандагонаш дар раҳмат, мағфират ва бахшиши Ӯ.
  2. Ин ҳадис се ҳақро дарбар мегирад: Ҳаққи Худованд - бо парҳезгорӣ ва иҷрои фармони Ӯ; ҳаққи нафс - бо анҷоми корҳои нек пас аз корҳои бад, то ки пок шавад; ҳаққи мардум - бо муомилаи нек, ахлоқи хуб, нармӣ ва рафтори хуб бо онҳо.
  3. Тарғиб ва ташвиқ ба анҷоми корҳои нек пас аз гуноҳон ва ахлоқи неки хуш яке аз хислатҳои парҳезгорист. Азбаски, мардум ниёз ба фаҳмидани аҳамияти онро доранд, он ҷудо зикр карда шудааст.

Намоиши тарҷумаҳо

49 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
SQ Shqip الألبانية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
KMR Kurmancî الكرمنجية