عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ رضي الله عنه أَنَّهُ سَمِعَ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«إِذَا رَأَى أَحَدُكُمُ الرُّؤْيَا يُحِبُّهَا فَإِنَّهَا مِنَ اللَّهِ، فَلْيَحْمَدِ اللَّهَ عَلَيْهَا وَلْيُحَدِّثْ بِهَا، وَإِذَا رَأَى غَيْرَ ذَلِكَ مِمَّا يَكْرَهُ، فَإِنَّمَا هِيَ مِنَ الشَّيْطَانِ، فَلْيَسْتَعِذْ مِنْ شَرِّهَا، وَلاَ يَذْكُرْهَا لِأَحَدٍ، فَإِنَّهَا لَنْ تَضُرَّهُ».
المزيد
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидааст, ки мегӯяд:
"Ҳаргоҳ яке аз шумо хобе дид, ки он хобро дӯст дорад (яъне хоби хубе дид), бидонад, ки он хоб аз ҷониби Худо аст, бояд Худовандро барои он шукр бигӯяд ва онро ба дигарон нақл намояд. Аммо агар хобе бинад, ки дӯсташ надорад (яъне хоби бад), он хоб аз ҷониби шайтон аст, бояд аз шарри он ба Худованд паноҳ барад ва онро ба касе нақл накунад, зеро он хоб ба ӯ зарар намерасонад."