1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар касе, ки бар чаҳор ракъат (суннати) пеш аз пешин ва чаҳор ракъат баъд аз он мудовимат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад

عَنْ أُمِّ حَبِيبَةَ رضي الله عنها زَوْجِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالت: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«مَنْ حَافَظَ عَلَى أَرْبَعِ رَكَعَاتٍ قَبْلَ الظُّهْرِ وَأَرْبَعٍ بَعْدَهَا حَرَّمَهُ اللَّهُ عَلَى النَّارِ».

Аз Умми Ҳабиба (разияллоҳу анҳо) ҳамсари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд:
"Ҳар касе, ки бар чаҳор ракъат (суннати) пеш аз пешин ва чаҳор ракъат баъд аз он мудовимат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад."

Саҳеҳ رواه أبو داود والترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمد Сунани Тирмизӣ - 428

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) башорат доданд, ки ҳар касе аз намозҳои нафл чаҳор ракъат пеш аз намози пешин ва чаҳор ракъат баъд аз онро бихонад ва бар онҳо мудовимат ва муҳофизат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташ ҳаром мегардонад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Муҳофизат ва мудовимат кардан бар чаҳор ракаъат пеш аз пешин ва чаҳор ракаъат баъд аз он мустаҳаб аст.
  2. Намозҳои ротибаи қаблӣ, яъне онҳое, ки пеш аз фарз хонда мешаванд, ҳикматҳое доранд, аз ҷумла: омода сохтани нафси намозгузор барои ибодат пеш аз ворид шудан ба фарз. Аммо намозҳои баъдӣ барои ҷуброн кардани камбудиҳои фарзҳо мебошанд.
  3. Намозҳои ротиба фоидаҳои бузурге доранд, аз ҷумла: зиёд шудани аҷру савоб; пок шудани гуноҳҳо ва боло рафтани дараҷот.
  4. Қоидаи аҳли суннат дар бораи аҳодиси башорат (монанди ин ҳадис) чунин аст: Ин башоратҳо машрут бар вафот ёфтан бар тавҳид аст ва ин ки мақсад ҷовидонӣ дар оташ намондан аст. Зеро муваҳҳидони гунаҳкор сазовори азоб ҳастанд, вале ҷовидон дар оташ намемонанд, агар азоб дода шаванд.

Намоиши тарҷумаҳо

49 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية