1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Дар биҳишт бозоре ҳаст, ки онҳо (биҳиштиён) ҳар ҷумъа ба он меоянд

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رَضيَ اللهُ عنهُ أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِنَّ فِي الْجَنَّةِ لَسُوقًا، يَأْتُونَهَا كُلَّ جُمُعَةٍ، فَتَهُبُّ رِيحُ الشَّمَالِ فَتَحْثُو فِي وُجُوهِهِمْ وَثِيَابِهِمْ، فَيَزْدَادُونَ حُسْنًا وَجَمَالًا، فَيَرْجِعُونَ إِلَى أَهْلِيهِمْ وَقَدِ ازْدَادُوا حُسْنًا وَجَمَالًا، فَيَقُولُ لَهُمْ أَهْلُوهُمْ: وَاللهِ لَقَدِ ازْدَدْتُمْ بَعْدَنَا حُسْنًا وَجَمَالًا، فَيَقُولُونَ: وَأَنْتُمْ وَاللهِ لَقَدِ ازْدَدْتُمْ بَعْدَنَا حُسْنًا وَجَمَالًا».

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Дар биҳишт бозоре ҳаст, ки онҳо (биҳиштиён) ҳар ҷумъа ба он меоянд. Шамоли шимол бар рӯйҳо ва либосҳои онҳо мевазад, ки бар зебогӣ ва ҷамоли онҳо меафзояд. Ба назди хонаводаи худ бармегарданд ва мебинанд, ки бар ҳусну ҷамолашон афзуда шудааст. Хонаводаи онҳо ба онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, пас аз мо бар ҳусну ҷамолатон афзуда шудааст! Онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, шумо низ пас аз мо бар ҳусну ҷамолатон афзуда шудааст".

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2833

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дар биҳишт маконе ҳаст, ки онҳо дар он ҷамъ мешаванд. Дар он ҷо хариду фурӯш нест. Ҳар кас аз он чизе бихоҳад мегирад. Онҳо дар ҳар ҳафт рӯз якбор ба онҷо меоянд. Шамоли шимол бар рӯйҳо ва либосҳояшон мевазад ва бар ҳусну ҷамоли онҳо меафзояд. Онҳо ба назди хонаводаи худ бармегарданд ва мебинанд, ки зебоии онҳо низ афзудааст. Хонаводаи онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, шумо пас аз мо зеботар шудаед, ва онҳо ҷавоб медиҳанд: Ба Аллоҳ савганд, шумо низ пас аз мо зеботар гаштаед.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни ин ки ҳусну ҷамоли аҳли биҳишт ҳамеша дар ҳолати афзудан аст.
  2. Ҳадисҳо инсонро водор мекунанд, ки ба корҳои некӯ иштиёқ пайдо кунад, ки ӯро ба ин манзил (биҳишт) мерасонанд.
  3. Шамоли шимолро махсусан зикр карданд, зеро он беҳтарин шамол дар миёни арабҳо буд ва бо худ хайр ва борон меовард.
  4. Ташвиқ ба даъват ба сӯи Худо бо ваъдаи биҳишт ва неъматҳои он.

Намоиши тарҷумаҳо

40 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية