1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Ӯро накуш, агар ӯро бикушӣ ӯ дар ҷойгоҳи ту қарор мегирад, ки қабл аз куштани ӯ доштӣ. Ва ту дар ҷойгоҳи ӯ қарор мегирӣ, қабл аз ин ки он ҷумларо гуфтааст

عَنْ المِقْدَادِ بْنَ عَمْرٍو الكِنْدِيَّ رضي الله عنه:
أَنَّهُ قَالَ لِرَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَرَأَيْتَ إِنْ لَقِيتُ رَجُلًا مِنَ الكُفَّارِ فَاقْتَتَلْنَا، فَضَرَبَ إِحْدَى يَدَيَّ بِالسَّيْفِ فَقَطَعَهَا، ثُمَّ لاَذَ مِنِّي بِشَجَرَةٍ، فَقَالَ: أَسْلَمْتُ لِلَّهِ، أَأَقْتُلُهُ يَا رَسُولَ اللَّهِ بَعْدَ أَنْ قَالَهَا؟ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لاَ تَقْتُلْهُ» فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّهُ قَطَعَ إِحْدَى يَدَيَّ، ثُمَّ قَالَ ذَلِكَ بَعْدَ مَا قَطَعَهَا؟ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لاَ تَقْتُلْهُ، فَإِنْ قَتَلْتَهُ فَإِنَّهُ بِمَنْزِلَتِكَ قَبْلَ أَنْ تَقْتُلَهُ، وَإِنَّكَ بِمَنْزِلَتِهِ قَبْلَ أَنْ يَقُولَ كَلِمَتَهُ الَّتِي قَالَ».

Аз Миқдод ибни Амри Киндӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки
ӯ ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Чӣ мешавад агар ман бо яке аз кофирон дар ҷанг рӯбарӯ шавам, ӯ бо шамшер яке аз дастонамро бурад, баъд ба таги дарахте аз ман паноҳ барад ва гӯяд: Ман ба Худо таслим шудаам (яъне, мусалмон шудам), оё ман метавонам ӯро пас аз ин калима бикушам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ӯро накуш". Гуфт: Эй Расули Аллоҳ! ӯ як дасти манро бурида ва он ҷумларо баъд аз буридани дастам гуфтааст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Ӯро накуш, агар ӯро бикушӣ ӯ дар ҷойгоҳи ту қарор мегирад, ки қабл аз куштани ӯ доштӣ. Ва ту дар ҷойгоҳи ӯ қарор мегирӣ, қабл аз ин ки он ҷумларо гуфтааст."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 4019

Шарҳ

Миқдод ибни Асвад (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Агар ман бо як марди кофир дар ҷанг рӯбарӯ шавам ва мо бо шамшер мубориза кунем, то он кофир бо шамшер яке аз дастонамро бибурад, сипас аз ман гурехта, ба зери дарахте паноҳ бигирад ва бигӯяд, "Ло илаҳа иллаллоҳ", оё барои ман ҷоиз аст, барои он ки дастамро бурида аст ӯро бикушам?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Ӯро накуш.
Ӯ гуфт: Эй Расули Худо, ӯ яке аз дастонамро буридааст, оё бо вуҷуди ин ман набояд ӯро бикушам?!
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ӯро накуш, зеро хуни ӯ (баъд аз зикри калимаи тавҳид) ҳаром шудааст. Агар пас аз исломаш ӯро бикушӣ, хуни ӯ мисли хуни касе аст, ки барои исломаш ҳифз шудааст. Аммо ту дар ҷои ӯ қарор мегирӣ ва хунат мубоҳ мегардад, ки барои куштани як мусалмон мавриди қасос қарор мегирӣ.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Касе, ки аз ӯ ҳарфе ё кирдоре барояд, ки нишонаи дохил шуданаш ба Ислом бошад, куштани ӯ ҳаром мегардад.
  2. Агар касе аз кофирон ҳангоми ҷанг мусалмон шавад, хуни ӯ ҳифз мешавад ва бояд аз куштанаш даст кашид, магар ин ки хилофи он маълум шавад.
  3. Хостаҳои мусалмон бояд тибқи шариат бошанд, на бо ғурур, эҳсоси кина ва интиқом.
  4. Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Пурсидан дар бораи ҳодисае, ки рух надодааст, ҷоиз аст. Аммо он чи ки аз баъзе аз салаф (саҳобагону пешвоён) дар боби кароҳати он нақл шудааст, барои ҳолатҳое аст, ки рух доданаш нодир аст. Аммо барои чизҳое, ки одатан метавонад рух диҳад, дар мавриди он пурсидан ҷоиз аст.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
Дастабандиҳо