عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ:
أَنَّ أَعْرَابِيًّا أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: دُلَّنِي عَلَى عَمَلٍ إِذَا عَمِلْتُهُ دَخَلْتُ الجَنَّةَ، قَالَ: «تَعْبُدُ اللَّهَ لاَ تُشْرِكُ بِهِ شَيْئًا، وَتُقِيمُ الصَّلاَةَ المَكْتُوبَةَ، وَتُؤَدِّي الزَّكَاةَ المَفْرُوضَةَ، وَتَصُومُ رَمَضَانَ» قَالَ: وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لاَ أَزِيدُ عَلَى هَذَا، فَلَمَّا وَلَّى قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «مَنْ سَرَّهُ أَنْ يَنْظُرَ إِلَى رَجُلٍ مِنْ أَهْلِ الجَنَّةِ، فَلْيَنْظُرْ إِلَى هَذَا».
المزيد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Араби бодиянишине ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Манро ба коре роҳнамоӣ кун, ки агар онро анҷом додам вориди биҳишт шавам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Аллоҳро ибодат мекунӣ ва чизеро ба Ӯ шарик намесозӣ, намозҳои фарзро анҷом медиҳӣ, закоти фарзшударо мепардозӣ ва моҳи Рамазонро рӯза мегирӣ". Гуфт: Қасам ба он ки ҷонам дар дасти Ӯст, бар ин гуфтаҳо чизе намеафзоям. Ва чун баргашту рафт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар ки дӯст дорад ба марде аз аҳли биҳишт бингарад, ба ин мард бингарад."