عَنْ طَلْحَةَ بْنِ عُبَيْدِ اللهِ رضي الله عنه قَالَ:
جَاءَ رَجُلٌ إِلَى رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِنْ أَهْلِ نَجْدٍ ثَائِرُ الرَّأْسِ، نَسْمَعُ دَوِيَّ صَوْتِهِ، وَلَا نَفْقَهُ مَا يَقُولُ حَتَّى دَنَا مِنْ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَإِذَا هُوَ يَسْأَلُ عَنِ الْإِسْلَامِ، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «خَمْسُ صَلَوَاتٍ فِي الْيَوْمِ وَاللَّيْلَةِ» فَقَالَ: هَلْ عَلَيَّ غَيْرُهُنَّ؟ قَالَ: «لَا، إِلَّا أَنْ تَطَّوَّعَ، وَصِيَامُ شَهْرِ رَمَضَانَ»، فَقَالَ: هَلْ عَلَيَّ غَيْرُهُ؟ فَقَالَ: «لَا، إِلَّا أَنْ تَطَّوَّعَ»، وَذَكَرَ لَهُ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الزَّكَاةَ، فَقَالَ: هَلْ عَلَيَّ غَيْرُهَا؟ قَالَ: «لَا، إِلَّا أَنْ تَطَّوَّعَ»، قَالَ: فَأَدْبَرَ الرَّجُلُ، وَهُوَ يَقُولُ: وَاللهِ، لَا أَزِيدُ عَلَى هَذَا، وَلَا أَنْقُصُ مِنْهُ، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أَفْلَحَ إِنْ صَدَقَ».
المزيد
Аз Талҳа ибни Убайдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки
Марде аз аҳли Наҷд бо сари жулида назди Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад. Садояшро аз дур мешунидем, вале намефаҳмидем чи мегӯяд, то ин ки ба Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наздик шуд ва фаҳмидем, ки дар бораи Ислом мепурсад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Панҷ вақт намоз дар шабонарӯз." Гуфт: Ҷуз ин панҷ вақт намоз бар ман намози дигаре ҳам воҷиб аст? Фармуд: "На, магар ин ки намози нафл бихонӣ." Он гоҳ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ва рӯзаи моҳи Рамазон" (низ воҷиб аст). Он мард гуфт: Оё рӯзаи дигаре ҳам бар ман воҷиб аст? Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "На, магар ин ки худ рӯзаи нафлӣ бигирӣ." Сипас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закотро барояш зикр кард. Он мард пурсид: Оё ҷуз закот садақаи дигаре ҳам бар ман воҷиб аст? Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "На, магар ин ки садақаи нафлӣ бидиҳӣ." Он мард баргашт ва мегуфт: Савганд ба Аллоҳ чизе бар инҳо намеафзоям ва чизе аз онҳо кам намекунам. Пас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар рост бигӯяд, растагор аст."