عَنْ أُسَامَةَ بْنِ زَيْدٍ رضي الله عنه قَالَ: قِيلَ لَهُ: أَلَا تَدْخُلُ عَلَى عُثْمَانَ فَتُكَلِّمَهُ؟ فَقَالَ: أَتَرَوْنَ أَنِّي لَا أُكَلِّمُهُ إِلَّا أُسْمِعُكُمْ؟ وَاللهِ لَقَدْ كَلَّمْتُهُ فِيمَا بَيْنِي وَبَيْنَهُ، مَا دُونَ أَنْ أَفْتَتِحَ أَمْرًا لَا أُحِبُّ أَنْ أَكُونَ أَوَّلَ مَنْ فَتَحَهُ، وَلَا أَقُولُ لِأَحَدٍ يَكُونُ عَلَيَّ أَمِيرًا: إِنَّهُ خَيْرُ النَّاسِ بَعْدَمَا سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«يُؤْتَى بِالرَّجُلِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ، فَيُلْقَى فِي النَّارِ، فَتَنْدَلِقُ أَقْتَابُ بَطْنِهِ، فَيَدُورُ بِهَا كَمَا يَدُورُ الْحِمَارُ بِالرَّحَى، فَيَجْتَمِعُ إِلَيْهِ أَهْلُ النَّارِ، فَيَقُولُونَ: يَا فُلَانُ مَا لَكَ؟ أَلَمْ تَكُنْ تَأْمُرُ بِالْمَعْرُوفِ، وَتَنْهَى عَنِ الْمُنْكَرِ؟ فَيَقُولُ: بَلَى، قَدْ كُنْتُ آمُرُ بِالْمَعْرُوفِ وَلَا آتِيهِ، وَأَنْهَى عَنِ الْمُنْكَرِ وَآتِيهِ».
المزيد
Аз Усома ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ба ӯ гуфтанд: Оё назди Усмон (разияллоҳу анҳу) намедароӣ ва бо ӯ сухан бигӯӣ? Ӯ гуфт: Оё гумон мекунед, ки ман бо ӯ танҳо вақте сухан мегӯям, ки шумо онро бишнавед? Қасам ба Худо, ман дар танҳоӣ бо ӯ сухан гуфтам, бидуни он ки як масъалаеро оғоз кунам, ки намехоҳам аввалин оғозкунандаи он бошам. Дар бораи касе, ки бар ман амир шудааст намегӯям, ки ӯ беҳтарини одамон аст, пас аз он ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мефармояд:
"Рӯзи қиёмат мардеро меоранд ва дар дӯзах меафкананд. Рудаҳояш берун меоянд, дар атрофи он чарх мезанад, чунон ки хар дар атрофи осиёб чарх мезанад. Аҳли дӯзах назди ӯ ҷамъ мешаванд ва мегӯянд: Эй фалонӣ! Чаро ба чунин ҳол гирифторӣ? Оё ту набудӣ, ки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекардӣ? Мегӯяд: Бале, ман ба некӣ амр мекардам, вале худам ба он амал намекардам, ва аз бадӣ бозмедоштам, вале худам онро анҷом медодам."