عَنْ مُعَاذِ بْنِ جَبَلٍ رضي الله عنه:
أَنَّ رَسُولَ صَلَّى عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَخَذَ بِيَدِهِ، وَقَالَ: «يَا مُعَاذُ، وَاللَّهِ إِنِّي لَأُحِبُّكَ»، فَقَالَ: «أُوصِيكَ يَا مُعَاذُ لَا تَدَعَنَّ فِي دُبُرِ كُلِّ صَلَاةٍ تَقُولُ: اللَّهُمَّ أَعِنِّي عَلَى ذِكْرِكَ وَشُكْرِكَ وَحُسْنِ عِبَادَتِكَ».
[صحيح] - [رواه أبو داود والنسائي وأحمد] - [سنن أبي داود: 1522]
المزيــد ...
Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дасти Муъозро гирифта, ба ӯ гуфт:
"Эй Муъоз! Қасам ба Худо, ман туро дӯст медорам!" Сипас гуфт: "Эй Муъоз! Туро тавсия мекунам, ки пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика.
Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!"
[Саҳеҳ] - [رواه أبو داود والنسائي وأحمد] - [Сунани Абудовуд - 1522]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дасти Муъоз (разияллоҳу анҳу)-ро гирифта, гуфт: Қасам ба Худо, ман туро дӯст медорам. Туро тавсия мекунам, эй Муъоз, ки пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро фаромӯш накунӣ: (Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика) дар ҳар сухан ва амале, ки дар наздик шудан ба ибодат кумак диҳад, (ва шукрика), барои шукргузорӣ аз неъматҳо ва дур кардани уқубатҳо, (ва ҳусни ибодатика), барои ибодати холисона ва самимӣ бо пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).