عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بنِ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُما:
أَنَّ امْرَأَةً وُجِدَتْ فِي بَعْضِ مَغَازِي النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَقْتُولَةً، فَأَنْكَرَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَتْلَ النِّسَاءِ وَالصِّبْيَانِ.

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 3014]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибн Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт:
Дар яке аз ғазваҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) занеро кушташуда пайдо карданд. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) куштани занону кӯдаконро маҳкум карданд.

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 3014]

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар яке аз ғазваҳо зани кушташудаеро дид. Ӯ куштани занон ва кӯдакони ноболиғро маҳкум кард ва онро амали нодуруст пиндошт.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Занону кӯдаконе, ки ҷанг намекунанд ва касоне, ки дар ҳукми онон қарор доранд, монанди пиронсолони нотавону роҳибон, кушта намешаванд. Аммо агар онҳо ба душман ёрӣ расонанд ё бо фикру амалашон ба муқобили мусалмонон кӯмак кунанд, дар ин сурат кушта мешаванд.
  2. Манъ кардани куштани занону кӯдакон ба он сабаб аст, ки онҳо бо мусалмонон намеҷанганд. Ҳадафи аслии ҷиҳод дар роҳи Худо шикастани қудрати ҷангии душманон аст, то даъвати ҳақ ба тамоми мардум бирасад.
  3. Меҳрубонӣ ва раҳдилии Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳатто дар ғазваҳо ва ҷангҳо.
Намоиши тарҷумаҳо