عَنِ النُّعْمَانِ بْنِ بَشِيرٍ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ مَثَلُ الْجَسَدِ، إِذَا اشْتَكَى مِنْهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 2586]
المزيــد ...
Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Мисоли муъминон дар муҳаббат, шафқат ва раҳмдилӣ монанди бадан аст, ки агар яке аз узвҳои он шикоят кунад, тамоми бадан бо бехобӣ ва таб бо он ҳамроҳӣ мекунад."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 2586]
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳоли мусалмонон дар муҳаббат, шафқату раҳмдилӣ ва ёрии якдигар монанди як бадан аст. Агар узве аз он бемор шавад, тамоми бадан бо бехобӣ ва табларза ба он вокуниш нишон медиҳад.