1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Хоби хуб аз ҷониби Аллоҳ аст, хобҳои парешон (ҳулм) аз ҷониби шайтонанд. Агар яке аз шумо хобе дид, ки ӯро ба тарс андохт, се бор ба тарафи чапи худ оби даҳон биандозад (туф кунад) ва аз бадии он ба Худо паноҳ барад, зеро он хоб ба ӯ зиён намерасонад

عَنْ أَبِي قَتَادَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«الرُّؤْيَا الصَّالِحَةُ مِنَ اللَّهِ، وَالحُلُمُ مِنَ الشَّيْطَانِ، فَإِذَا حَلَمَ أَحَدُكُمْ حُلُمًا يَخَافُهُ فَلْيَبْصُقْ عَنْ يَسَارِهِ، وَلْيَتَعَوَّذْ بِاللَّهِ مِنْ شَرِّهَا، فَإِنَّهَا لاَ تَضُرُّهُ».

Аз Абуқатода (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Хоби хуб аз ҷониби Аллоҳ аст, хобҳои парешон (ҳулм) аз ҷониби шайтонанд. Агар яке аз шумо хобе дид, ки ӯро ба тарс андохт, се бор ба тарафи чапи худ оби даҳон биандозад (туф кунад) ва аз бадии он ба Худо паноҳ барад, зеро он хоб ба ӯ зиён намерасонад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 3292

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки хоби нек ва хушҳолкунанда дар хоб аз ҷониби Худованд аст ва "ҳулм", яъне хобе, ки бад, парешон ва ғамангез аст, аз шайтон мебошад.
Бинобар ин ҳар касе дар хоб чизе бинад, ки дӯст намедорад, бояд ба тарафи чапи худ туф кунад (се бор) ва аз бадии он ба Худо паноҳ барад, зеро бо ин амал, ба ӯ ҳеҷ зиёне намерасад, чун Худованд ин корҳоро сабаби саломатӣ аз зарари он хоб қарор додааст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Руъё ва ҳулм ҳарду ба он чизҳое ишора мекунанд, ки шахс дар хоб мебинад. Аммо одатан "руъё" барои хобҳои нек ва хушоянде истифода мешавад, ки инсонро шод мегардонад, ва "ҳулм" барои хобҳои бад ва нописанд. Гарчи ин ду истилоҳ дар ҷойи якдигар низ истифода мешаванд.
  2. Навъҳои хоб: 1- Хоби нек, ки ҳақ ва хушхабар аз ҷониби Худованд аст, ки худи шахс мебинад ё каси дигаре барои ӯ мебинад. 2- Ҳикояти нафс, яъне он чизҳое, ки одам дар вақти бедорӣ ба худ мегӯяд ва нақл мекунад. 3- Тарсонидан ва ваҳшати шайтон бо ҳиллаҳо барои ғамгин сохтани фарзанди Одам.
  3. Ҳамаи чизҳое, ки дар боби хобҳои нек гуфта шудааст, се чизро дар бар мегиранд: Худоро барои он шукр гӯяд. Ба он хурсанд шавад. Он хобро ба касоне, ки дӯсташ доранд, нақл кунад, на барои касоне, ки дӯсташ намедоранд.
  4. Ҳамаи чизҳое, ки дар боби одоби хобҳои бад гуфта шудааст, панҷ чизро дар бар мегирад: Аз шарри он ва шарри шайтон ба Аллоҳ паноҳ барад. Се бор ба тарафи чап дар вақти хестан аз хоб туф (бо андак аз оби даҳон) кунад. Ҳеҷ гоҳ онро ба касе нақл накунад. Агар мехоҳад дубора хоб равад, аз тарафе, ки бар он буд ба дигар тараф гардад. Ин хоб ба ӯ зарар намерасонад.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية