عَنْ عُمَرَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«مَنْ لَبِسَ الحَرِيرَ فِي الدُّنْيَا لَمْ يَلْبَسْهُ فِي الآخِرَةِ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 5834]
المزيــد ...

Аз Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар кас дар дунё либоси ҳарир (абрешим) бипӯшад, дар охират онро намепӯшад."

[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 5834]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар ки аз мардон дар дунё ҳарир (бинобар манъ будани он бар мардон) бипӯшад ва тавба накунад, дар охират онро намепӯшад ва ин ҷазои ӯст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Мақсуд аз "ҳарир" дар ҳадис, ҳарири холиси табиӣ аст. Аммо ҳарири сунъӣ, ба ин ҳукм дохил намешавад.
  2. Пӯшидани либоси ҳарир (абрешим) бар мардон ҳаром аст.
  3. Манъи пӯшидани ҳарир, нишастан бар онро низ шомил мешавад.
  4. Ба мардон иҷоза дода шудааст, ки миқдори каме аз ҳарирро дар либос истифода баранд, ба шарте ки паҳнои он аз ду то чор ангушт зиёд набошад ва он ҳам барои зинати либос ё ҳошияи он истифода шавад.
Намоиши тарҷумаҳо