1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Абрешим ва дибоҷро напӯшед ва дар зарфҳои тилло ва нуқра нанӯшед ва дар зарфҳои он ғизо нахӯред. Зеро инҳо дар дунё барои онҳо (яъне кофирон) аст ва дар охират барои мо

عَن عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ أَبِي لَيْلَى أَنَّهُمْ كَانُوا عِنْدَ حُذَيْفَةَ، فَاسْتَسْقَى فَسَقَاهُ مَجُوسِيٌّ، فَلَمَّا وَضَعَ القَدَحَ فِي يَدِهِ رَمَاهُ بِهِ، وَقَالَ: لَوْلاَ أَنِّي نَهَيْتُهُ غَيْرَ مَرَّةٍ وَلاَ مَرَّتَيْنِ -كَأَنَّهُ يَقُولُ: لَمْ أَفْعَلْ هَذَا-، وَلَكِنِّي سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«لاَ تَلْبَسُوا الحَرِيرَ وَلاَ الدِّيبَاجَ، وَلاَ تَشْرَبُوا فِي آنِيَةِ الذَّهَبِ وَالفِضَّةِ، وَلاَ تَأْكُلُوا فِي صِحَافِهَا، فَإِنَّهَا لَهُمْ فِي الدُّنْيَا وَلَنَا فِي الآخِرَةِ».

Аз Абдурраҳмон ибни Абулайло ривоят аст, ки онон назди Ҳузайфа буданд, пас ӯ об хост ва як маҷусӣ барояш об дод, аммо ҳамин ки қадаҳи обро дар дасташ гузошт, ӯ онро партофт ва гуфт: Агар ӯро зиёда аз як ё ду бор (аз истифодаи зарфи нуқра) наҳй накарда будам, ин корро намекардам, аммо ман шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Абрешим ва дибоҷро напӯшед ва дар зарфҳои тилло ва нуқра нанӯшед ва дар зарфҳои он ғизо нахӯред. Зеро инҳо дар дунё барои онҳо (яъне кофирон) аст ва дар охират барои мо."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 5426

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардонро аз пӯшидани ҳар навъ абрешим манъ кардааст. Ва мардону занонро аз хӯрдан ва нӯшидан дар зарфҳои тилло ва нуқра манъ кардааст. Ва хабар доданд, ки инҳо рӯзи қиёмат танҳо барои муъминон аст, зеро дар дунё аз рӯйи итоати Аллоҳ аз истифодаи онҳо худдорӣ карда буданд. Ва аммо кофирон дар охират баҳрае аз он надоранд, зеро онон бо баҳра бурдан аз ин манҳиёт ва бо маъсияти Парвардигор аз он истифода бурданд ва хушиҳои худро зудтар дар дунё ба поён расониданд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Пӯшидани абрешим ва дибоҷ бар мардон ҳаром аст ва таҳдиди шадиде ворид шудааст барои шахсе, ки мепӯшад.
  2. Барои занон пӯшидани абрешим ва дибоҷ мубоҳ аст.
  3. Хӯрдану нӯшидан дар зарфҳои тилло ва нуқра барои мардону занон ҳаром аст.
  4. Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ин амалро ба шиддат инкор кард ва иллати ин сахтгириашро чунин баён кард, ки ӯ зиёда аз як бору ду бор он маҷусиро аз истифодаи зарфҳои тилло ва нуқра наҳй карда буд, аммо ӯ ба ин наҳй ӯ таваҷҷуҳе накард.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية